Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар як саду ан соле, ки ҳукмронӣ мекунанд, лоақал ҳамин қадар нафаҳмиданд, ки «шоҳ агар одил набошад, мулк вайрон мешавад». Ба ин ҳикмат ақлашон нарасид, вале дар қабоҳат «ақли расое» доранд, ки ҳикмати давлатдорӣ ном ниҳодаанд; ва бино ба ин ҳикмат усули давлатдорӣ иборат аст ва тарбия кардани даллолаҳо, ки хона ба хона гарданду духтарони хушрӯро пеши чашм бикунанд; ҳар касе, аз сағиру кабир, ба дарбор биёяд, шарт аст, ки аз остона бо таъзими заминбӯс ба дарун дарояд ва ақибрӯ бо таъзими заминбӯс берун барояд. Он фалакзадаи корафтода, ки шарафи инсониро қурбони тамаъе аз тамаъҳо кардааст, дар рӯ ба рӯи Амир расми одобро нигоҳ медорад, аммо агар ба мурод расад, «ҳазрат, саломат бошанд!» мегӯяд, ва агар нарасад, ба ҳафт пушти вай лаънат мефиристонад, ки «Худо кай ҷони туро мегирад!».
Касофат фалокат мезояд – аҳли дарбор ва аҳли рикоб дар таъзими заминбӯс ва ақибрӯ роҳ рафтан он қадар усто шудаанд ва маҳорате доранд ва чунон унс гирифтаанд, ки одамвор пешрӯ рафтанро сирф фаромӯш кардаанд. Ва ин одати худношиносӣ аз Арки Амир баромада ба қозихона даромад, ва мисли вабо сироят кард, ва бо ҳокимхонаҳо рафт, ва шаҳру деҳро фаро гирифт, ва ин мулк, ки аморати Бухоро ном дорад алҳол бошишгоҳи лаҷомбадастоне шудааст, ки аз ҳунарҳои бешумори олам фақат ҳунари таъзими заминбӯс ва дуқат ақибрӯ рафтанро ёд гирифтаанд; ва дар илму амал доиман ақибрӯ мераванд».
Ва Амир ҳам дар сиёсати мулкдорӣ ақибрӯ рафт. Дар пеш ҳарчи буд,–замину мол, шаҳру деҳ, обрӯву эътибор– ба урус дод ва худаш ба ақиб, ҷониби Шаҳрисабз ҳаваси сафар кард, то ки тантанаи Зафар барпо намояд. Ва Ҳоҷӣ Тӯраро пешакӣ ба он ҷо фиристонид,–аз ташрифи Амир хабар барад, ва духтарҳоеро, ки пешкаш мекунанд, бо «чашми ҳардуяшон бубинад». Ва Ҳоҷӣ Тӯра, маҳрамона, аз боби духтарҳо ба ҳоким ишора кард, ва ҳокими нав, ки то андозае дастнишондаи Русия буд, аз шунидани ин сухан гов гашт – мурдаро мону тутхурӣ кун! Замона дигар шуд, ғӯлони биёбонӣ ҳамон ҳастанд, ки ҳамон. Ҳарамашон пуропури зан, он занҳо дар як сол рӯи Амирро як бор мебинанд ё не; ва нафс доранд ва майли хидматгорону ғуломон мекунанд; ва дар боргоҳ фарзандоне ба дунё меоянд, ки падарашон кист, касе намедонад; ва инҳо маликаву тӯра ном мегиранд ва беку ҳоким мешаванд?!

пешина
аз 435
навбатӣ