ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– дилгармие ба ягон тараф надошт; ва тамошогариро беҳтар донист; ва Абдумалик ночор ба паноҳи давлати Афғонистон рафт.
Амир аз талош ва балоҳои Абдумалик як дараҷа халос шуд ва ба генерал–губернатор муроҷиат кард, ки «дар гармогармии муҳорибаҳо шохи ҳокими Шаҳрисабзро аз бехаш бишиканад». Ҳокимони вилояти Шаҳрисабз аз аввал як устухони устувор дар гулӯи амирони манғит буданд, ки ҳеҷ фурӯ бурда наметавонистанд – гоҳ соф мустақил мешуданд ва гоҳи дигар тобеъияти забонӣ мекарданд, вале пурра сар намефуроварданд; ва ҳамеша фурсат фароҳам ояд, аз итоат мебаромаданд ва хоҳони заволи хонадони манғитиён буданд; ва дар ҷанги қалъаи Дизак аз нисфи роҳ баргаштан ва ҳамроҳи Абдумалик ҳарб накардани ҳокими ҳозира низ ба ҳамон сабаб буд; ва Амир доим аз ӯ хавф мекашид ва дар дил хусумат дошт, ва барои қасос гирифтан рӯ ба давлати пуршавкати Рус овард; ва русҳо ҳам, ки ҳавасманд буданд, таҳти фармондеҳии генерал – майор Абрамов ба ин вилоят экспедитсияи ҳарбӣ фиристониданд, ва ин қувваи варзида, дар бархӯрдҳои нобаробар, ғолиб омад ва ҳокимони Китобу Шаҳрисабз, Бобобек ва Ҷӯрабекро асир гирифт ва ба Тошканд бурд ва хонабанд кард; ва ба ҳар эҳтимол,–шояд рӯзе дар ҷое ба кор оянд–ба онҳо рутбаҳои ҳарбӣ ва орденҳо дод; ва ин вилоятҳоро ба Амир арзонӣ дошт; ва дар зиёфати ғалаба генерал–майор байни афсарони олирутба ва ашрофони олитабор, қадаҳ бардошт, ки «чашмашонро тарсонида мондан даркор буд. Фардо ин таҷриба боз даркор мешавад».
Ва дар Бухоро ба Дӯстмуроди муҳандис аз Рӯзимурод, навкари хоси Абдумалик, нома расид. «Устод, мо шамшер ба ғилоф намондаем. То ҷон дар рамақ дорем, алайҳи бедодӣ ва бесоҳибӣ мубориза хоҳем бурд». Ва Дӯстмурод дар ин ҳангом дарди бедармони дилашро рӯи коғаз меовард:
«ҷамоаи вазиру раису қозӣ, ки худро аморатпаноҳу рисолатпаноҳу адолатпаноҳу шариатпаноҳ мегӯянду медонанд, дар асл, бо ду чашми сар дидем, ки ғоратпаноҳу разолатпаноҳу ҷабрпаноҳу касофатпаноҳ ҳастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё