ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Яке аз чунин тӯраҳоро Амир беки Чароғчӣ таъин кард, ва «бача дар он ҷо зиқ нашавад» гӯён, ба вай сад нафар сарбоз ва понздаҳ зан дод; ва он тӯратулфор дар Чароғчии дурдаст, хилват, хушку бебаракат ва дур аз маърифат, бо ранҷу азият рӯз ба сар мебурд, ва ақлаш кундтар ва ҷисмаш заифтар шуд; ва хуш ба ҷонаш, ҳоли бади худро намефаҳмид.
17 Қофилаи Амир ба роҳ баромад, бо ду ҳазор сарбоз ва бо валвалаю дабдаба; ва ҳангоме ки аз дарвозаи Арк убур мекард, шотире аз музофот расид ва арз кард, ки «Амирам, дар оби Омӯ чиҳил одам ғарқ шуд; ва Амир по аз узунгу барнагирифт–«Ба сафар баромадаем, ҷои ин гапҳо нест!» – ва ба Қушбегӣ фармуд: «навкаронро ҷамъ оварда фиристонед!»; ва дар кӯчаҳои шаҳр мардум ба сипоҳу ҳашами ӯ роҳ мекушоданд ва саф кашида таъзим ба ҷо меоварданд, ва аз дунбол ба якдигар савол медоданд:
«Хирси Бобо боз куҷо мерафта бошад?» Ва Хирси Бобо хирси роме буд, ки Бобо ном марде, аз занҷири гарданаш дошта, дар бозору чорсӯҳо мегашт, ва мардум тамошо мекарданд, ва даст расонанд ва ё бо химчае бизананд, ва ё гӯштӣ гирифтан хоҳанд, хирс фақат як садо мебаровард:
«Ҳум! Ҳум!»; ва ин шуғл воситаи рӯзгузаронии Бобо буд – аз ҳангоматалабҳо пул мегирифт;–Ва раъияи шаҳри Бухоро ба амирашон ин лақабро лоиқ донистанд.
Ва беки Китоб шунид, ки ҳазрати ҳумоюнӣ азми сафари Шаҳрисабз доранд, вай ду нафар одами хоси худашро пешвоз фиристонид, ва онҳо дар беруни шаҳр ба пойбӯсӣ расиданд, ва аз номи бек илтиҷо карданд: «Ҷаноби Олӣ қадами муборакашонро дареғ надоранд. Сари роҳ як нафас ба Китоб дароянд»; ва ҷаноби олӣ қабул намуданд, ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё