ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ба машварат бекҳои Шаҳрисабзу Китоб ва беки фирории Каттақӯрғон ва Ашӯри Понсад ва сардастаҳои сарбозони дар ҷангҳои Дизак, Самарқанд ва Зирабулоқ шикастхӯрда, вале таслимнашуда, омаданд, ки сабаби шикастро дар бесалоҳиятии Амир медиданд; ва баҳсу мунозира бо дастархону обу нонаш, дуюним рӯз тӯл кашид–сулҳи шармандавор аст сулҳи Зирабулоқ; халқ ба шӯр омадааст, ба по хестааст; Амир хиёнат кард, мо қасос мегирем. Вай фурӯхт, мо бармегардонем.
Ва Мулло Озода дар ин дуюним рӯз себор вазъ гуфт:
«Ба ҳеҷ вазъ раво нест, ки сипоҳи бегона ба хоки мулки мо дарояд! Бидонед, лашкари ғайр як бор ба ин мулк дарояд, дигар баргашта намебарояд. Сад баҳона меёбад, вале намебарояд. Мисолаш дар таърих бисёр, як намунаи тозааш пеши чашми худамон, шаҳри Тошканд ва музофотҳои атрофи он. «Роҳзаниву ғоратгарӣ авҷ гирифтааст», гуфтанду даромаданд, ки «мо оромиву осоиштагии шуморо кафил мешавем». Баъд тартиботи худро ҷорӣ карданд, гӯё ки оромиву осоиштагӣ даст дод, вале берун нарафтанд, ки «мо ҳастем, ки тартиботро нигоҳ медорем».
Мардум шӯриш бардоштанд, шӯришро пахш намуданд, ки «шарти сулҳу салоҳро вайрон кардед», боз берун нарафтанд. Ҳамин тавр, дар ҳар ҳолат, ваҷҳе пеш меоварданд ва берун намераванд. Ягона роҳи дуруст дифоъ аст, ки лашкари бегона ба мулки мо надарояд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё