Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

16
Ҷои машваратро ҳавлии Мулло Озода муайян карданд
ва ин Мулло Озода аслан аз Қаршӣ буд ва табиатан одами
одилу адолатхоҳ, ки беадолатиеро бинад, бетараф истода
наметавонист; ва ҳатман шарик мешуд ва ба қозихона мекашид, ва зарур ояд мушту лагад ҳам мезад. Ва баъди гиребон дориву қозидавиҳои зиёде таҷриба андӯхту яқин
донист, ки беинсофӣ, ҷабр, ситам, хона дар қозиёту муфтиёт дорад; ба инҳо умед бастан, монанди ба дарафш
мушт кӯфтан аст; ва ҳару хингил карду роҳи Маккаву Мадинаро пеш гирифт ва дашту биёбон тай намуд. Мадина
пойтахти хилофат ва пушту паноҳи аҳкоми шариат буд; ва
олами ислом фармудаи онро айни савоб медонистанд ва
бечуну чаро қабул ва итоат мекарданд; ва халифа арзи Мулло Озодаро шунид, ки «дар аморати Бухоро шаръи шарифро пос намедоранд ва ба савдо мондаанду мефурӯшанд, ва агар гӯям, ки аз номи аҳкоми шариат пӯсти мусулмононро мекананду хунашонро мемаканд, дурӯғ намешавад»; ва Халифа хиште бо мӯҳри худ ба ӯ дод; «бубар ба Амир нишон бидеҳ, адолат барқарор хоҳад шуд!»; ва Мулло Озода он хиштро овард ба Бухоро ва ба дасти Амир дод, вале ҳолу аҳвол беҳтар нашуд, бадтар шуд; ва Мулло Озода тарки Қаршӣ кард, ба Шаҳрисабз омад, ва байни мардум шӯҳрати зиёде дошт, ва омиҳо ӯро авлиё мегуфтанд, ва муллоҳо пирашон медонистанд, ва кататӯра Абдумалик, беки Бойсун, ба ӯ дасти муридӣ дода буд.

пешина
аз 435
навбатӣ