ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва се дафъа ҳам аҳли машварат дар тақвияти суханҳои ӯ овоз баланд карданд:
– Лашкари бегонаро Амир овард ба сари мо. Аввал Амирро вожгун бояд кард.
Ҷосусон хабар ба Амир ва генерал-губернатор бурданд; ва дар Бухоро ва Самарқанд ва Шаҳрисабз ба ҳарбу зарб омода мешуданд; ва дар байн мардуми Қаршӣ шӯриш бардоштанд ва ҳоким сарашро гирифта гурехт; ва халқ ба Абдумалик одам фиристод, зеро расм буд, ки подшоҳ аз авлоди подшоҳ мешавад, бегонаеро подшоҳ мондан ғайри шаръист – ба Худованд хуш намеояд ва баракат мепарад ва мулк вайрон мегардад; ва Абдумалик амирзодааст ва тахти амирӣ ба ӯ ҳалол аст; ва Абдумалик даъвати мардумро фоли нек донист, ва ба Қаршӣ омад ва дар курсии ҳоким нишаст, ва даъвои Арки Бухоро мекард; ва Амир ба ӯ фурсати хурӯҷ надод, фавран ба муқобили вай лашкар кашид, ва сипоҳи Абдумаликро зада аз шаҳр баровард, вале пурра тору мор карда натавонист, ин ҳарбу зарб ба охир нарасид. Аз Бухоро қосид омад; «Амирам, Содиқ аз шимоли Бухоро ҳуҷум кард». Ва Амир ҷанги Қарширо нимбуд монд ва ба ҷанги Содиқ рафт; ва Абдумалик бозгашта дуюмбора ба Қаршӣ даромад.
Ислоҳотталабон ин дафъа анбӯҳ шуданд – номдорону нондорон аз Қаршӣ, аз Ғузор, аз Бойсун, дар майдони назди дарвоза ғун омаданд ва ин издиҳом раъй дод, ки Абдумалик зеби хонӣ дорад, ва ба расми сулолаи манғит, як гӯшаи майдонро рӯфтанду чиданду намади сафеди калонро густурданд ва бо эҳтиром Абдумаликро рӯи намад шинонданд ва аз ҷумлаи одамони машҳур як даста пеш баромаданд ва озод болои сар бардоштанд: «Абдумалик хони мост!»
Амир ба осонӣ сари саркашони Содиқро шикаст, ва ба Бухоро надаромад, бо таъҷил ба болои Қаршӣ лашкар кашид; ва сипоҳиёни падару писар аз ду тараф хурӯҷ карданд ва дар мавзеи Ҷом рӯ ба рӯ омаданд; ва дар ин муҳориба писар ба падар ғолиб омад; ва Амир ба Самарқанд расул фиристода аз ҳарбиёни рус мадад пурсид. «Кӯр чӣ мехоҳад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё