Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хомӯшӣ. Гӯё инҳо нафас надоштанд, ва нафас намекашиданд; ва ниҳоят ду-се садое баромад, садоҳои беҷуръатона ва наҳиф ва нимшунаво:
– Амирам беҳтар медонанд.
Амир пакар буд:
– Бо урусо сулҳ кунем, мегӯям. Салотҳо ба ин тартиб омдан гиранд, фардо Бухоро ҳам аз даст меравад.
Ҳозирон сукут карданд–баъзеҳо хирадмандона, баъзеҳо муғамбирона.
Вакил аз беки Китоб Мӯсобеки бозоргон, ки байни Самарқанду Москов рафтуойи мураттабе дошт, ва ҳоли иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбии ҳарду тарафро хуб медонист,яхи хомӯширо шикаст:
– Алҳақ, Амирам беҳтар медонанд, вале ба ақидаи ин бандаи очиз, сулҳ дар айни замон ба фуқарои Бухоро сахт гарон меафтад. Банда ахборе дорам, ки Генерал– губернатори Туркистон товони бағоят зиёд талаб хоҳад кард.
Амир луқма партофт:
– Ҷанг бе товон намешавад.
– Лекин товон аз товон фарқ дорад. Генерал товони миёншикан даъво мекунад. Дар ду сол халқ се бор андози илова дод. Як андози навро бардошта наметавонад. Балво мехезад. Албатта, раъй раъй Амирам аст.
– Ҷанги даруни хона, бадтар аст аз ҷанги беруни хона,– одоби таъзим ба ҷо овард Усмонбек, сардори сипоҳи савора.–Ба халқ аз товон, ҷанг кардан сабук меафтад. Мисолаш халқи Самарқанд. Ба по хестанд. Қиём карданд.
Такя ба меҳрубониҳои Худо ва дастгирии халқ, бо кофирон ҷанг мекунем. Ҷанг беҳтар аз нанги беномусӣ.
Ва ҷомаҳои фохиру саллаҳои шоҳӣ, ки ҳузур доштанд, чашм аз фарш бардоштанд, ба Амиру ба Усмонбек нигаристанд, вале на тасдиқ карданд ва на рад. Ин фирқаи мансабдорон ки дар ҳама давру замонҳо буданду ҳастанд, ҳамеша ақидаашонро равшан намегӯянд, пинҳон медоранд. Барои онҳо фикру ақида не, мансаб нангу номус аст, ва ба мансаб саҷда мекунанд; ва кор барор гирад аз ҳама пеш даст ба сина мезананд, ки «мо кардем!»

пешина
аз 435
навбатӣ