ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
дар кӯчаҳову шабона дар казармаҳо тарона мехонданд:
Трах, трах, трахтарант,
Ми ходили в Самарканд.
Много горя напрималис,
Как через реку преправлялис…
14 Дар саҳро пахтаро шутур поймол кард, дар шаҳр гӯши бофандаро буриданд–дар Самарқанд лашкари давлат торумор шуд, аз майдон амирзода гурехта назди падараш омад, ҳоким аз ӯҳдаи ҳифзи ватан набаромад; ва Генерал Кауфман бо муроҷиати «ҳамаи дарвозаҳои шаҳр бояд кушода бошад, савдогарон дар дӯконҳояшон истанд ва савдо кунанд, косибону коргарон аз паи кори худ шаванд.
Одамони бообрӯ пеши дарвоза маро пешвоз бигиранд.
Армияи подшоҳи ман, оқпошоҳи Русия ба Самарқанд медарояд ва Ӯрдуро мегирад. Онҳо душманонро мезананд, аҳолиро намеранҷонанд. Дар масҷидҳо дуъо кунед, ки умри подшоҳи Русия, фотеҳи ҳама халқҳо, дароз бошад»,– ба шаҳр даромад; вале зӯри Амир ба қосид расид. Қосиди берӯзӣ, аз рӯи вазифа, хабар овард:
– Доду бедод, сайқали рӯи замин, шаҳри Самарқанд, ба дасти урус гузашт.
Амир аз ҷои нишасташ, аз тахт, дод зад, аммо аз ҷо хеста натавонист:
– Аз даҳонат бод барад! Шумхабар! Ин шумхабарро сар занед!
Ва ҷаллодон ӯро бардошта бурданд.
Ва Амир нолиш кард:
– Худо ҷонамро мегирифт беҳтар буд, аз он ки Самарқандро гирифт.
Ва акобири дарбор, ба мисли саллаву ҷомаҳои фохирашон, хомӯш истоданд, ва чашм ба фарши хонаву гӯш ба даҳони Амир доштанд.
Амир бечора буд. Суханаш оҳанги амирона надошт:
– Бало қоим шуд. Чӣ кор кунем? Раъйи шумо чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё