ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ору номуси ҳоким бедор шуд–сарбозони ҳокимхонаро саф орост ва сарбозони аз теппаи Чӯпонато фирор кардаро ҷамъ овард, ва бо ин «лашкар» ба сари мардуми норизо ва имдодхоҳ ва бесилоҳ тохт; ва Регистон Ҷангистон шуд–шамшери сарбозон ба муқобили мардуми дастхолӣ аҷаб користоне мекард: «занед ин ношукронро! Касофати носипосии ҳаминҳост, ки ба сари шаҳр бало овард!»; ва мезаданду меафтонданду мегурезониданд… Ва ба ин анбӯҳи парешону афтону хезон, ногаҳон ёрӣ расид– занҳо ба шӯр омаданд, занҳо досткола, оташгирак, шохҷорӯб, корди ош ва тирак ба даст, бо ҳаёҳуй ба майдон даромаданд ва ба шамшердорон ҳуҷум оварданд ва шикаст доданд «лашкари» ҳокимро; ва ҳоким ақиб нишаст, ва ҳамин ақиб нишастан ақибрӯ рафту ақибрӯ рафт, ва то Кармина аз асп нафуромад…
Марду зане, ки хиёбони Регистонро лабрез карда буданд, сели баҳорон дар кӯҳистонро мемонд…Ҷӯш мезад…
Ва марде ҷелаки читашро аз тан кашид ва болои сараш алвонҷ дод ва даъват кард:
– Касе ёфт мешавад, ки мудофиаи шаҳрро ба ӯҳда гирад?! Талабгоре пеш набаромад. Касе садо набаровард.
Ғавғо ором шуд.
Марди ҷелакбадаст такрор кард:
– Касе ҳаст, ки мудофиаи шаҳрро ба ӯҳда гирад?!
Ва аз тоқи мадрасаи Тиллокорӣ, чор-панҷ толибилм, бо як овоз ҷавоб доданд:
– Ҳаст! Мулло Нусрат! Мударриси мо мулло Нусрат.
Майдон акси садо дод:
– Мулло Нусрат! Мулло Нусрат!
Ва мударрис Мулло Нусрат болои суфа баромад:
– Халоиқ! Сипоҳ ва силоҳ мебояд, ки шаҳрро дифоъ бикунем! Бо дасти холӣ чигуна битавонем ба муқобили оташи тӯпу туфанг биравем?!
Ва анбӯҳ ғулғула андохтанд:
– Сипоҳ мо, силоҳ мо! Меравем!..
Сарбозони бесардори истеҳкоми Чӯпонато ним рӯз ҷонфидоӣ карданд ва дар нимаи дуюми рӯз пешгарди аскари рус ба теппаи Чӯпонато баромад ва боқимондаи сарбозон ночор ақиб нишастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё