Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

…Ва якуми моҳи май, сари субҳ дар мавзеи Чӯпонато, байни сипоҳи Самарқанд ва аскари рус, оташи ҷанг даргирифт–сарбозон мардона меҷангиданд, вале силоҳе надоштанд, ки ҷавобгӯи силоҳи душман бошад. Шамшеру камони пилтабанду шаст-ҳафтод берданкаи англисӣ кофӣ набуд, ки ба тӯпу пулемёту панҷтири салотҳо муқобил истад ва сафи онҳоро бишканад; ва дар чоштгоҳ аҳволашон танг шуд–дар истеҳком гулӯлаҳои тӯп метаркид, дар сангарҳо тири пулемёт имкон намедод, ки сарбозон сар бардоранду нишон бигиранд; ва салотҳо зина ба зина пеш меомаданд;ва амирзода аз ҷонаш тарсид ва дар иҳотаи ёронаш фирор кард; ва сарбозонро бесардор, ба ҳоли худ партофт; ва сарбозони кироя, ки ҳашт моҳ Амир муздашонро надодааст,–бо талбандагӣ, майдадуздӣ ва ғоратгарӣ мезистанд,–фурсатро ғанимат донистанд ва аз майдони ҳарб гурехтанд ва ба деҳоту шаҳр рафтанд ва ба талаву тороҷи хона ва моли мардум машғул шуданд; ва таърихнависи дарбор аз боғе мегузашт, ва дид, ки қариб чаҳорсад сарбоз либосҳояшонро кашида ба ҳавз мепартоянд ва таги эзор мешаванд, то ки душман онҳоро гадо пиндорад ва накушаду асир нагирад; ва як тӯда аскари рус тозон ба пули Сиёб расиданд ва роҳи гурези сарбозонро бастанд; ва дар ҳайҷои Чӯпонато сарбозони боқимонда сар мебохтанд…
Ва ба шаҳр хабар расид, ки амирзода аз майдони ҳарб гурехтааст; ва дар Регистони шаҳр издиҳоми халқ лаҳза ба лаҳза меафзуд; ва фазо пурсадо мешуд – паст, ором ва баланд, таҳлукадор, аз ҳар гӯшаву канор, яккаву чандовоза ва ҳамаи ин дар якҷоягӣ ғавғои анбӯҳ гардид: «Амирзода гурехтааст, ҳоким руст шудааст, сипоҳ бесардор, шаҳр бесоҳиб…гурехтааст…бесардор…бесоҳиб».

пешина
аз 435
навбатӣ