ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
баъди адои намози пешин, ба Охунди Калон шунавонида хитоб кард:
– Аҳволи Понсад читу бошад? Як хабар ҳам нагирифтем?!
Охунди Калон даст ба шамшери ҳамоил бурд ва қабза гирифт:
– Монед, азобашро кашад. Сазои худдонамӣ ҳамин.
Ва дар қалъа оромиву амонӣ буд – ҳар даста самти ҳимоя ва ҳар сарбоз ҷои исташро медонист, ва замини ҳайҷо зери назорат меистод, ки сусморе гузарад зуд ба чашм мерасид; ва сарбозон аз ин баландӣ ба он пастӣ менигаристанду душманро, ки намоён шавад, хаёлан нишони тир мекарданд, ва шамшерзанҳо хаёлан паси девори қалъаро пур аз сари бурида медиданд.
Ашӯри Понсад боз як рӯзи дигар ҷанг кард ва боз як рӯзи дигар ба душман роҳ надод, ки ба ҳамла гузарад; ва талафот меафзуд, ва мададе аз пушт намерасид, ва қувва кам мешуд, ва агар як рӯзи дигар ҷанг кунад, аз сарбозон яке зинда намемонд; ва ӯ шабона ақиб нишаст, ва саду даҳ нафарро, ки ҳамроҳаш буд, аз паҳлӯи қалъа гузаронида, аз як шикаста гузашта, дар паси баландии он тараф шинак гирифт.
Ва Дӯсти дегрез барои Рӯзимурод ғазал хонд:
Дар дашт будам, ки ғулғули ҷанг омад,
Шербача будам, гурехтанам нанг омад…
Ва рӯзи дигар салотҳо бемамониат ба қалъа наздик
омаданд ва аз гулӯла паронданд ва се ҷои деворро, ки аз
даруну берун хокрез буд, рахна намуданд ва тирпарону
найзазанон, бо садои ур-р–ра, ба ҳуҷум гузаштанд; ва
мерганҳои бораи қалъа душманро нишон нагирифтанд –
бо ҳарос худҳоро аз девор поён партофтанд; ва шамшерзанон фурсати аз ниём баркашидани шамшер наёфтанд –
ба кунҷҳо хазиданд; ва Охунди Калон бо сару либоси
ҳарб, аз болохона худро поён партофт ва дастаи шамшер
ба зери манаҳаш зад ва гарданаш шикаст; ва сарбозон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё