ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Хуб кор кардед, акнун фароғат бикунеду таоми ҳалол бихӯред.
Сарбозон белу каландҳоро бардошта ба саҳни қалъа ғун омаданд, ки нафаси озоде кашанд; ва ҳамин лаҳза Ашӯри Понсад, сарбози касбӣ ва ҷангдида, ба Охунди Калон хитоб кард:
– Ҳазрат, ҷанг талоя дорад, байн дорад, канора дорад.
Ин нақшае, ки шумо кашидед, сипоҳро зинда ба зинда гӯр мекунад.
Охунди Калон фаши салла бар зад ва таъкид кард:
– Фармондеҳ ман! Вазифаи Шумо иҷро кардан!
Ашӯри Понсад ба ин фармони ӯ итоат накард – сарбозонашро аз қалъа берун бурд ва дар хомазори дашт, дар ҳавои кушод, сангар гирифт; ва Рӯзимуроду ёронаш, ки бесоҳиб буданд, ба гурӯҳи ӯ пайвастанд.
Сарбозон тӯда-тӯда дар рӯи ҳавлӣ нишастанд ва шулон хӯрданд ва ёнбош заданд.
– Лаб гуфт, ки омад, даҳон гуфт, ки даромад, шикам гуфт, ки дар боло чӣ буд, поён нафаромад,–заҳрханда кард сарбозе.
– Салотҳои урус ҳамин хел шулон мехӯрда бошанд?– савол дод дигаре.
– Не, онҳо гӯшти хук мехӯранд…
Ва субҳи рӯзи дигар аз дашт садои тиру туфанг баромад ва дидбонҳои бораи қалъа ба Охунди Калон хабар расониданд, ки «аскари урус омад», ва Охунди Калон фармон дод, ки «шинак гиред!»
Ним фарсах дуртар аз қалъа сарбозони Ашӯри Понсад, пеши ҳуҷуми салотҳоро гирифтанд – аз сангарҳо ва аз паси талҳо тир кушоданд ва низоми муқовиматашон то андозае оқилона буд, ки душман рахна карда натавонист – таваққуф намуд.
Ҷанг панҷ соат тӯл кашид – Ашӯри Понсад устувор истод–ҳар як мерганро, ки фавтид ё захм бардошт, сари вақт иваз мекард, ва хеле талафот дод, вале душманро пеш омадан намонд.
Ва дар қалъа имоми лашкар, пас аз хомӯш гаштани тир,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё