ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва шоми ҳафтуми ноябр ду нафар ҳизбиёни куҳнакор ба дидори Муродгул омаданд ва сари дастархон муборакбодҳо гуфтанд, ва гап аз гап баромаду сухан ҷониби интизоми ҳизбӣ ғел гашт, ки на ҳамеша ва на дар ҳама ҷо риоя мешавад; ва рӯзномаро кушоданд, ки суханрониҳо дар Машварати фаъолони ҳизбро, ки дар арафаи Иди Кабири Октябр барпо шуда буд, чоп кардааст, ва он рӯзнома расман дар чор саҳифа мебаромад, ва ҳоло ҳашт саҳифа дошт, ва ҳашт сурат ҳам, ки вакилон ё ба диққат гӯш мекарданд, ва ё аз ҷо рост хеста каф мекӯфтанд; ва ҳизбиёни кӯҳансол онро варақ гардонданд, аз ҳар ҷояш иқтибосҳо хонданд, – «Оё чунин коммунистон дар идораҳойи давлатӣ каманд, ки ҳамаи шиорҳо ва дастурҳо ва ҳарфҳойи ҳизбро хуб медонанд, дар маҷлисҳо мегӯянд ва худро содиқ нишон медиҳанд?! Инҳо дар амал ягон ғояи нави ҳизбро дастгирӣ намекунанд, ба навовариҳо роҳ намекушоянд»; ва ба ҳамин монанд мисолҳоро аз маърӯзаҳо хонданд, ва баҳсҳо карданду хулоса бароварданд:
– Болобудагиҳо бехабар не. Дар Москов ҳамаашро медонанд. Ислоҳ мекунанд. Ба тартиб мебиёранд. Интизом ҷорӣ мешавад.
– Кӣ медонад, – шубҳа кард Дилмурод. – Аз минбар як чиз мегӯянд, дар поён корҳойи дигар мекунанд. Корафтод нашавед, он қадар маълум не. Корафтод шавед, мебинед, ки касе ба маънӣ коре надорад. Ба зоҳири кор часпидаанд.
Дар коғазпуркунӣ дақиқ. Ҳатто хӯрдагир. Лекин интизоми ҳизбӣ рӯякӣ. Масъулият гӯё бо анкета маҳдуд мешавад. Ибрат, ба назарам, аз боло, аз Москов меояд.
Ва Муродгул, модари Дилмурод, ба андеша рафт.
Ва меҳмонон, ҳамсафони ӯ, хомӯш шуданд.
Ва аз боло, аз Москов, дар ҷамъбасти ҳар як панҷсола, ба ҷумҳуриҳо дастур меомад, – барои ҷумҳурӣ ду ҷой Қаҳрамони заҳмати сотсиалистӣ, панҷ ордени Ленин, ҳафт ордени Ситораи сурх ва чилу се медол ҷудо карда шуд.
Ҳуҷҷатҳоро сари вақт тайёр карда супоред; ва дар ҷумҳурӣ, аввал, ин унвонҳову орденҳову медалҳоро тақсим карданд ба вилоятҳо ва районҳо, ва баъд, комиссияҳо ташкил доданд дар ҷумҳуриву вилояту районҳо, ва лимит муайян шуд, ки чанд коргар, чанд колхозчӣ, чанд чӯпон бояд унвону ордену медол бигирад; ва комиссияҳову аъзоёнаш, ки роҳбарони хурду калони ҳизб ва фаъолони иттифоқи касаба ва комсомол буданд, ба заҳмат барои манфиати ҷомеа миён бастанд; ва ин анбӯҳи калони босалобат ному одамони арзандаро аз заводу фабрик, аз колхозу совхоз, аз муассисаву ташкилотҳо, мепурсиданд ва менавиштанд, ва шаҷараи он одамро мекофтанду меёфтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо