Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дар панҷсолаи панҷум, барои соҳибунвону соҳиборден шудан, ришва додану ришва гирифтан силоҳи аз ҳама силоҳҳойи мавҷуда заруртару бурандатар буд.
Ва Дилмурод, муфаттиши ҷавон, дар прокуратураи ҷумҳурӣ, аз бинойи горком, пакар ва як навъ дилмондаву хастаҳол баромад, – вай дувоздаҳ рӯз пеш дар ҳамин бино аз комиссияи қабул гузашт ва ӯро ба узвияти ҳизби коммунист қабул карданд, ва имрӯз омада билети ҳизбиашро гирифт; ва ҳамон рӯз кори комиссия ба ӯ маъқул нашуд, - раиси комиссия пурсид:
– Устав ва программаро хондед?
– Хондам.
Ва котиби комиссия илова кард:
– Ин кас ҳуқуқшинос. Унверстетро тамом кардагӣ.
Яке аз аъзоёни комиссия савол дод:
– Ба кинову театр меравед?
– Ба театр меравам, ба кино не.
– Чаро?
– Телевизор дорам.
Ва хомӯшӣ.
Ва дигаре пурсид:
– Рӯза мегиред?
– Не.
Котиб савол дод:
– Дар хориҷа хешу табор доред?
– Не, надорам.
Ва ҳамаашон овоз доданд, ки «қабул карда шавад».
Ва ба назари ӯ он ҳама тайёриҳо ва таъкидҳойи парторг ва ҳаяҷонҳойи худаш, ва ин ҳама кару фару ҳашамати хонаву аъзоёни комиссия, сахт нодаркор ва ночаспон намуд.
Ва имрӯз, вақте ки ба анкета имзо монд, дафтардор эрод гирифт:
– Имзо ғалат. Шумо Каримов. Дар имзо ҳарфи аввал Р.
Бояд К бошад. Қойда ҳамин.
Ва ӯ пеш аз ҳарфи Р ҳарфи К-ро илова кард.

пешина
аз 435
навбатӣ