ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва дар рӯзномаи маҷлис ду масъала буд:
Боз ҳам баланд бардоштани маданияти деҳот.
Масъалаҳойи ҷорӣ.
Ва чун одат котиби дуйум маърӯза хонд, ва чун ҳамеша дар боло, дар Москов, кумитаи марказии ҳизби коммунисти Иттиҳоди шӯравӣ Пленум гузаронида буд, ва чун анъана аз бобати пешрафтҳойи беназири деҳоту деҳотиён ва рӯзгори озоду ободи онҳо ва бартарии маданияти сотсиалистӣ нисбати ҷомеъаи капиталистӣ, далелҳову рақамҳойи пуливу молӣ оварданд ва гуфтанду шуниданд ва қарор бароварданд, ки «деҳоту маданияти деҳот ҳар рӯз дар тараққист, вале баъзе камбудиҳо низ ҷой дорад, ки бартараф кардани онҳо вазифаи таъхирнопазири ҳизб аст; ва дар поён, дар Сталинобод, ҳамон қолаб ва ҳамон матлабро айнан, вале бо далелу рақамҳойи ҷумҳурӣ, такрор карданд, ва айнан ҳамон хел қарор бароварданд.
Ва Муродгул хеле нороҳат дар курсии бароҳат нишаста ин ҳама маърӯза, гузориш ва қарори батакрору якрангу дилбазанро гӯш кард, ва ҳикмати прокурор Абдусаломро,
– «Сухани ман ба инҳо таъсире надорад, вале инҳо метавонанд дар як лаҳза манро аз осмон гирифта ба замин зананд» – ба инобат гирифта, андешаҳояшро бо оби даҳон фурӯ бурда, ҳаяҷонашро базӯр фурӯ нишонда, хомӯш нишаст.
Ва ҳангоми баррасии масъалаҳойи ҷорӣ, мудири шӯъбаи маданият ахбор дод, ки баъзе ҳизбиён, аз ҷумла Кабиров, Холиқов ва Алиев, маросимҳойи коммунистиро поймол мекунанд, ва ҳар кадоме аз инҳо дар соҳае роҳбар ҳастанд, ба ҷойи он ки ба боқимондаи урфу одати бойиву феодалӣ мубориза баранд, худҳошон хатнасур ва бузкашӣ дода, писаронашонро хатна кардаанд; ва аз байни ҳозирон садоҳо баланд шуд, ки «аз сафи ҳизб ронед»; Муродгул

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо