Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Не, ин тавр не. Лекин мавриди гуфтани чунин гапҳо, дар ҳамин маҷлис, чандон мувофиқ набуд. Зеро ки…
– Зеро ки гуфтани гапи ҳақ бамавриду бемаврид намешавад. Дар вақти зарурат ё мегӯйӣ ва ё намегӯйӣ. Дигар ҳамааш ё муросо, ё тарс, ё мунофиқист. Баҳонаи худсафедкунӣ.
– Аслан ҳамин хел ҳам ҳаст. Ҳамин хел бояд бошад. Дар назария. Дар хаёл. Дар рӯзгор дигархелтар. Дар ин ҷо роҳи рост нест. Каҷу килеб ва бе мавридшиносӣ намешавад. Дар ин маҷлис маврид мувофиқ набуд, зеро ки ҳозирону нозирон банди хаёли нигоҳ доштани ҷойи гарми хеш буданд, на дар фикри ҳақиқату адолат.
– Ҳамин қадар ки мефаҳмидаед, чаро ҳамин фикратонро дар маҷлис нагуфтед?
– Ман девонаам, ки аз барои як мухбир, ҷойи гармамро хунук мекунам! Гуфтаи ман ба онҳо таъсире намекунад, лекин онҳо хоҳанд, дар як лаҳза, маро аз осмон гирифта ба замин мезананд.
– Баъд устав ва программаи ҳизб чӣ мешавад?
– Устав ва программа ба ману шумо эҳтиёҷ надорад.
Дар боло, дар Москов, ғамашро мехӯранд. Бо роҳи худаш рафтан мегирад.
Ва Муродгул ба хаёл рафт.
Ва қарори КМ-ро ҳамаи рӯзномаҳо, – ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва районӣ чоп кард; ва ҳамаи ташкилотҳойи ҳизбӣ, дар вазоратҳо, дар колхозу совхозҳо, дар фабрику зовудҳо, дар мактабҳойи олӣ, омӯзишгоҳҳойи касбӣ ва дар ҳар муассисае, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дошт, маҷлисҳойи кушод гузарониданд, ва қарорро якдилона маъқул донистанд, ва қарорҳойи худашонро бароварданд, ва ба КМ ҳисобот навиштанд, ки дар маҷлис чанд нафар одам буд, ва чанд нафарашон сухан гуфт; ва ба дӯсту душман нишон доданд, ки дар СССР ҳизбу халқ аз ҳам ҷудо нестанд, балки ҳизб ва халқ як тану як ҷонанд, ва ҳизб фармояд, халқ, бечуну чаро, ба роҳбарӣ мегирад.
Ва дар пленуми навбатии Кумитаи марказии ҳизб Муродгул пешакӣ, ҳанӯз ба толор надаромада, дар дил аҳд кард, ки хомӯш мешинад ва хомӯш баромада меравад, – модом ки фикру ақидаи ӯ ба касе даркор нест, суханро беқурбу ҳайф кардан, ба қавли Абдусалом Ҳабибович, мавридношиносӣ мешавад.

пешина
аз 435
навбатӣ