ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва дар бозору кӯчаҳо гадову талабандае набуд, ва нафаре дар кӯчаҳо хамёзакашон бекор гардад, аз дасташ дошта ва ё аз гиребонаш гирифта, ба ҷавобгарӣ мекашиданд, ки «чаро аз кор гурехтӣ?!»
Ва ҳукумат, аз Масков то ба Душанбе ва аз Душанбе то ба Мурғоб, ҳар коре, ки мекард, барои осудаву серу пур зистани кулли мардум мекард; ва тартибу талабот чунин буд, ки асбоби рӯзгор ва хӯрданиву пӯшидании Инсон худ ба худ аз ҳавойу ҳавасу хаёл муҳайё намешавад, ҳар як одам рӯзгорашро бо ақлу дасти худаш обод нигоҳ медорад, ки тақозойи заҳмати ҳаррӯза ва доимӣ дорад; ва дар ҷомеаи сотсиалистӣ ба бекорону муфтхӯрон ҷой нест:
– Дар ҳар ҷойе бекору муфтхӯреро бубинед, аз гиребонаш дошта ба даруни кори ҷамъиятӣ бибаред. Агар гардан нафурорад, се лағат ба дунбааш занеду ради маъракааш бикунед.
Ва шарту зарур аст, ки ягон бачаву духтари ҳафтсола аз мактаб берун намонад, ва ҳеҷ касе ҳақу ҳуқуқ надорад, ки аз заҳмати ноболиғон истифода бибарад; ва мактаб макони таълиму тарбияи Одами нав, Одами даврони сотсиалистӣ, Одамест, ки манфиати ҷамъияту давлатро аз манфиати шахсу ойла беҳтару болотар медонаду мешиносад, ва агар чунин нест, вай Одами нав нест, Одами даврони сотсиалистӣ нест, Одаме нест, ки коммунизм бисозад.
Ва чунин Одам бо усули куҳна ба воя намерасад, – аз усулҳо ва фаҳмишҳойи куҳна, яку якбора ва доимӣ, даст бояд кашид ва маҳкум бояд кард; ва дар мактаб равияҳойи ҳаётбезорӣ, гӯшанишинӣ ва бечорагиро омӯхтану омӯзонидан раво нест, ва нашру паҳн кардани чунин китобҳо қатъан манъ аст; ва Одаме тарбият кардан зарурат дорад, ки дар рӯзгор ба умеди кадом як қувваи фавқултабиат набошад, ва аз тақдир нанолад, ва ба сеҳру ҷоду, ба фолбину пешгӯ ва ба ҳар гуна куфу суф ва аласу тӯмор, бовар накунад ва эътиқод набандад; вай дар рӯзгор, фақат ва фақат умед аз ақлу фаросат ва дасту пойи худ бикунад,ва донад, ки тақдири Инсон ба дасти худи Инсон аст, дигар ҳама гапҳо бофтаву дурӯғу фиребанд, ва ноқисии ақлу танбалии танро, зери пардаи ҳаргуна хаёлу хурофот, пинҳон доштан мехоҳанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо