Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Раҳими Мӯриву Раҳмони Харбоз, ки бобокалонҳошон, барои навбати об, дар сари ҷӯ, аввал аз инсоф гап кушоданд, ки таъсире надиданд, баъд ба ҷанги даҳониву дӯғу пӯписа гузаштанд, ки мурод ҳосил нашуд, ва ниҳоят гиребонгириву гиребондарӣ карданд, ва бобокалони Раҳим белро бардошту ба сари бобокалони Раҳмон зад, ки аз фарқи сараш хун шорида ба рӯяш фаромад, ва бобокалони Раҳмон ҷаста дастаи белро гирифт ва нисфи гӯши бобокалони Раҳимро газида хакаракашро дар ҷӯй туф кард; ва аз ҳамон замон то ба сари қудрат омадани болшевикон, ин ду авлод бо якдигар даъвойи хун ба хун доштанд ва бо ҳар баҳонаву дар ҳар маврид, ҷангҳову қасосгириашон давом мекард; акнун паҳлу ба паҳлу истода чилу ҳафт гектар кишти пахтаро об медоданд, ва аз як дастархон нон мехӯрданд ва аз як пиёла чой менӯшиданд ва як хел музди заҳмат мегирифтанд ва як хел дар ғаму талош буданд, ки пахта ҳосили хуб диҳад ва нақша сари вақт иҷро бишавад ва дар майдони коре, ки ба манфиати ҷомеъа ҳаст, рӯсурху сарбаланд бошанд. Ва мусулмону насрониву яҳуду бутпарасту говпарасту сагпараст, ки собиқан сояи якдигарро аз девор метарошиданд ва салом додан ба якдигарро ор медонистанд, алҳол дар Сибиру Назди Балтику Фарокавказу Қрим ва Украинаву дили Русияву хоки Осиёи Миёна, дар зовуду фабрик ва конҳойи ангишту нуқраву тиллову уран ва дар заминҳойи серҳосилу камҳосил ва дар кушодани роҳҳои оҳану обиву заминӣ ва дар кандани наҳрҳойи даҳкилометраву садкилометра ва обшор гардонидани биёбонҳойи хушк, дастбадасту зарбдор кор мекарданд, ва касе аз касе ҳазар надошт, ва таҳқире нафаре ба нафаре бирасонад, боиси мазаммат мешуд ва «ҳайфи ту!» мегуфтанд ва ҷазо медоданд, ки «одамон дар давлати шӯройӣ ҳама баробаранд!»
Ва Аҳмади Ятим дигар ятимчаи таги дари касе набуд, ӯро давлат сарпарастӣ мекард, ва ӯ акнун нони худро хӯрда миннати хӯҷаинро намешунид; ва мактабу китобу дафтар ва ҷойи хобу сару либосу хӯрду хӯрокаш ба тартибе буд, ки падардорон дида ҳавасашон мерафт ва ҳатто ҳасад ҳам мебурданд; ва Раҳмати кӯдак медонист, ки ҳафтсола шавад, ба мактаб меравад, мактаби ибтидоиро тамом бикунад, ба мактаби миёна медарояд ва баъд дар мактабҳойи олӣ мехонад ва муносиби касби омӯхтааш ӯро мефиристонанд ба ҷое барои коре, ва дар он ҷо ба вай хона медиҳанду ғами рӯзгорашро мехӯранд, ва…

пешина
аз 435
навбатӣ