ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва пардаро боло зада ба фойтуни занҳо нигарист: «духтарони хушрӯ бисёр»…
Лашкар роҳ мепаймуд – шутурҳо тӯпҳоро мекашиданд, савораҳо аз бероҳаи дашт мерафтанд, пиёдаҳо бо роҳи тапурхок, ва сарлашкар, аспи ҷавмасте зери рон, аз фавҷ ба фавҷе мерафт, ва фаши саллаашро боди чорхези асп ҷавлон медод ва наъра мекашид:
– Мард бошед! Мардона равед!
Ва лашкар мардона мерафт – шохи дарахтонро шикаста, меваашро хӯрда, киштзорҳоро зери по карда, ёраи обчакориҳоро канда мерафт; ва соҳибони боғу кишту палакҳо, пас аз гузашта рафтани онҳо, бо дили хуншор ва чашми пуроб, ба осмон арзу шикоят мефиристониданд;
Ҳар ҷо ки расид пои аспи қатаған,
На мурда кафан ёбаду на зинда ватан.
Аз осмон ёрие намерасид, вале дар замин медиданд, ки дар ҳар манзиле, ки Амир фуруд ояд, ҳокими тумону арбобони деҳ ӯро пешвоз мегиранд бо дафу дойра, сурнаю ғижак ва рақсу бозӣ; ва мебаранду мефуроранд ба меҳмонхонаи қабзаву фурӯмон, ва пеши пояш хун мебароранд – сар мебуранд гову гӯсфанд; ва аз мардум ҷаву алаф меғундоранд барои аспу шутури эшон; ва дастархон меандозанд – нонҳои ширмол, мавизи сиёҳи донакалон, кишмиши соягӣ, чормағз, бодом, ҳалво, нишалло, набот, оби дандон, себ, ангур, анор, нок, гӯшти обҷӯш, гӯштбирён, оши угро, оши палов; ва мансабдорон дар тараддуд, дастҳо пеши бар; ва аҳли риқоб фашшосзанон дар хӯрдану ошомидан; ва Амир дар каттагиву фароғату ҳаловат, ки «фуқаро маро дӯст медорад!» ва фуқаро, ки ҳар рӯзу ҳар сол тороҷ дидааст, аз паси ӯ дуъо мекунад, ки «илоҳо, хӯрдагиат заҳру зақум шавад!…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё