ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Амир лашкар кашид ҷониби Ҳисор ва бекҳо роҳ гирифтанд сӯи Бухоро ва сарбасар заданд дар қарибиҳои Хатирчӣ, андаруни дараи Амаксой. Сипоҳ, силоҳ ва усули ҷанги ҳарду тараф аз якдигар фарқ надошт – савораву пиёда, шамшеру туфанг, наъраву тохтан ва тӯдашавию занозанӣ – Худо ба касе диҳад! Ва бартарии Амир чаҳор тӯп буд – дутояш чӯянӣ ва дутои дигараш аз мис; ва дар бархӯрди аввал бекҳо шикаст хӯрданд; ва Сарихон, баъди ин шикаст, ҳазимат кард, ва якзарб рост ба Кӯлоб рафт. Беки Ҳисор ва Беки Деҳнав ҷангкунон ақиб нишастанд; ва сипоҳи Амир пайваста дар таъкиби онҳо буд, ва пеш карда то Деҳнав овард, ва дар қалъаи Деҳнав шинакгириву муқовимат ҳашт рӯз тӯл кашид; ва дар ин ҳашт рӯз сипоҳиёни Амир деҳоти атрофро покпокиза талаву тороҷ намуданд; ва мардуми аросоте хонавайрон, бемакон ва фирорӣ шуданд; ва оқибат Амир қалъаро гирифт ва оташ зад, ва беки Деҳнав таслим шуд – «пушаймонам, узр мепурсам аз Амирам! Гуноҳи худро ба хун мешӯям!» Ва беки Ҳисор Абдураҳим Додхоҳ дар майдони ҷанг танҳо монд ва ақиб нишаст–сипоҳаш дигар иқтидори ҳарбу зарб надошт; ва сипоҳиёни Амир ба ҳар деҳаву боғе пояшон расид, ғоратро ба ғоят расониданд; ва мардум аз ҷонашон гузашта, белу каланд ва досу хода гирифта, ба майдон баромаданд; ва лашкари Амир онҳоро аз як сар қир кард; ва Абдукарим, бо як даста одамони наздикаш, гурехт,ва гурезон аз Сарихон паноҳгоҳ пурсид, ва Сарихон, бо мақсади худро нағз нишон додан – Абдукаримро дастгир кард ва ба Амир супорид:– «ман айбе надорам, айб аз Абдукарим гузашт!»; ва Амир асирро ба қатл расонид ва мехост, ки сари Сарихонро низ бигирад; ва Сарихон шабошаб фирор карду ба Афғонистон гузашт.
Ва алҳол Амир дар фойтун боҳузур нишаста бо ҳавои ин ғалабаи гузашта худро оламгир ҳисоб мекард; се лашкарро шикаст, се мулкро тобеъ кард ва ғаниматҳои моливу ҷонӣ гирифт; дар пеш фақат як лашкар аст ва мулкҳои васеъу сарвати беқиёс…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё