ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Муродгул ба Душанбе, ки Сталинобод ном гирифтааст, аз Бухоро омад, расман барои ёрии кадрҳо, аслан ихтиёрӣ омад. Баъди тақсимоти миллии халқҳо дар Осиёи Миёна ва баъди таъсис додани вилояти мухтори Тоҷикистон дар дохили ҷумҳурии Ӯзбакистон, гӯё собиқ бехабарон, ногаҳон гӯё бохабар шуданд, ки Тоҷикистон ягон шаҳри маъмурӣ ва маданӣ надорад. Халқи муқимии ин хоку об, халқе, ки ин сарзаминро ободу маъмур кардааст, – наҳрҳо баровардааст, заминҳо кушодааст, ба кишту ҳунару обчакориву боғдориву оҳангариву заргариву бофандагӣ бунёд гузоштааст ва шаҳрҳо сохтааст, имрӯз аз ҳамаи он офаридаҳо маҳрум шудааст. Ва дар вақташ Комиссияи тақсимоти миллӣ ин ҳама сарвати моливу ҷониро додаст ба Ӯзбакистон ба он далел, ки собиқ амиру хонҳо аз қабилаҳойи туркон будаанд ва шаҳрҳо аз ҷиҳати бозору додугирифт ба ӯзбакҳо наздик будааст ва рӯдҳо мушкилаҳойи обро осон мекардааст, ва дар якҷоягӣ пешрафту тараққиёти ин ҷумҳуриро таъмин менамудааст. Ва аз Душанбе ба Москов арзу шикоятҳо мерафт, ки ҳама шароит ба Ӯзбакистон даркор аст, магар ба Тоҷикистон барои пешрафту тараққиёт шаҳрҳойи маданӣ ва бозорҳойи доимӣ ва заминҳойи ҳамвори ҳосилхез даркор набудааст?!
Ва Москов қарор баровард, ки ҳамаи ин майда-чуйдаҳо ба истиқлолу ба озодиву ба дӯстии халқҳо халале намерасонад, зеро ки ҳамаи ҷумҳуриҳойи сотсиалистӣ як давлати шӯравӣ ҳастанд, баробару бародар ҳастанд, ва турку тоҷик бир кишист, ва байни тоҷику ӯзбак даъвойи марзиву миллӣ нест, ва Ӯзбакистон ҳамчун бародари калон ба додари хурдаш Тоҷикистон ёрии ҳамаҷониба мерасонад ва дар ҳолатҳойи мушкил дастгирӣ мекунад. Ва дар амал ёрӣ ва дастгирии бародари калон ба додари хурд чунин сурат мегирифт, ки маблағҳойи аз Марказ, аз Москов ба Душанбе додаро дар Тошканд сарф мекард ва ба Душанбе намедод; ва кӯдакони навтавлиди тоҷикро бе ҳеҷ як пурсиш дар шаҳодатномаашон ӯзбак менависонд, ва рӯзномаи тоҷикиро руст мекард, ки тоҷикон набинанд, нахонанд, ва ба мактабҳойи тоҷикӣ муаллимони ӯзбак мефиристонид, ва барои хок пошидан ба чашми Москов, дар ҳуҷҷат дар ину он ҷо, шӯроҳойи тоҷикӣ таъсис медод, ва ӯзбакро раис таъин мекард…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо