ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Бюрократизм (коғазбозӣ) ва дӯлобкорӣ ҳамчун накӯкорӣ таъбир карда хоҳанд шуд… Инсофу поквиҷдонӣ хандахариш қарор ёфта, як чизи ба ҳеҷ кас нолозим хоҳанд шуд ва ба хурофоти замони гузашта табдил хоҳанд ёфт. Беҳаёию берӯӣ, фиребу дурӯғ, бадмастию нашъамандӣ, бешуурона аз якдигар тарсидан, бешармӣ кардану хиёнат варзидан ва миллатгароиву адовати халқҳо, қабл аз ҳама адовату бадбинӣ нисбат ба халқи рус – ин ҳама ба лавни гули хушранг, ба шукуфтан медароянд… Ва танҳо баъзе касон, миқдори ниҳоят ками одамон, пай хоҳанд бурд ё ҳатто дарк хоҳанд кард, ки чӣ воқиаҳое ба амал омада истодаанд. Аммо ин гуна касонро мо дар вазъияти аҷзу нотавонӣ қарор медиҳем, хандахариш мегардонем, роҳи ба онҳо бӯҳтон заданро меёбем ва партовҳои ҷамъият эълонашон мекунем. Маънавиятро решакан, заминаҳои ахлоқи маънавиро фосид ва нобуд хоҳем кард. Мо ба мардум аз кӯдакиву наврасӣ сару кор мегирем, асосан ба ҷавонон умед хоҳем баст, ин тоифаро аз роҳ мебарорем, бадахлоқ мекунем, фосиқ мегардонем. Мо аз онҳо касони беору беномус, разил, ватанбезор ба воя мерасонем».1
8 Ва Муродгули Азизмурод дар вокзали роҳи оҳан духтарони бисёреро даста-даста ба сафҳо ҷудо мекард, ва қаламу коғаз дар даст дошт, – аз дафтари дасташ номи духтар ва номи падари ӯро мехонд, ва бист нафар, ки шуд, як нафарашонро сардор таъин менамуд:
– Сардори ин гурӯҳ ту. Шумоён ба вагони сейум савор мешаветон. Ин рӯихат. Дар дасти ту истад.
Ва духтарон чорсаду панҷоҳ нафар буданд. Ҳамаашон аъзои комсомол. Ҳамаашон ихтиёрӣ барои обод кардани шаҳри Сталинград мерафтанд, ва дар паҳлӯи вагонҳо бо ранги сафед дар матоъи сурх бо ҳарфҳои калон-калон
Ин иқтибос аз руи тарҷумаи Ҷумъабой Азизқулов шиор навиштаанд: «Бо белу каланд обод мекунем вайронаҳои Сталинградро, чунонки аскарон бо тиру камон аз дасти душман озод карданд», ва Муродгул роҳбари онҳо дар роҳ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ