Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дорад, дам гиреду хоб равед. Фардо роҳи хонаҳотонро пеш гиред».
Ва фардо дар ҳамон гузар ҷанг шуд, – фашистон ногаҳон пайдо шуданд ва парон-парон карда меомаданд, ва қасдашон гирифтани бинои мактаб буд.
Ва капитан бачаҳоро ду даста кард ва панҷнафарӣ ба ду сержант супорид, ва панҷтираву тирдону граната дод ва дар чор бурҷи бино тавре ҷо ба ҷо шинонд, ки чор тарафи мактаб намоён бошад, ва фармуд:
– Ҳушёр бошед! Ҳар фашистро бинед, паронед!
Ва худи капитан дар ошёнаи якум шинак гирифт.
Ва садойи тир торафт ба бинойи мактаб наздик меомад.
Ва ягон ним соат пас капитан фашистонро дид, – онҳо понздаҳ –шонздаҳ нафар буданд, ки ду-ду, силоҳ сари даст, нишон гирифта, гоҳ-гоҳ тир паронида, аз рӯ ба рӯ ва аз ду кунҷи кӯча меомаданд; ва ба дарвозаи мактаб расиданду хуб зеҳн монданд, ва як нафараш ба тарафи тирезаҳойи ошёнаи дуюм як навбат тир зад, аз дарун ҷавобе наомад, ва онҳо далер шуданд, ва чор нафарашон китф ба китф, дарвозаро кушоданд, ва ба дарун медаромаданд, ки аз ошёнаи якум ва дуюм садойи тир баромад – тирпаронии бардавом, ва фашистҳо ба замин хобиданд; ва садойи тир, ки хомӯш гардид, як фашист хеста гурехт, ва сетойи дигараш нахестанд – ба хоби абад рафтанд. Ва чанд лаҳза нагузашта фашистон аз се ҷониб дару девори мактабро тирборон карданд, ва аз даруни мактаб бо тирпаронии бафосила ҷавоб медоданд. Ва се соат ҷангиданд – яке аз сержантҳо аз китфи росташ тир хӯрд; ва фашистҳо қурбонии дигаре доданд, ё не, маълум набуд, вале ақибнишинӣ карданд.
Ва як ё ду соат пас фашистон аз нав пайдо шуданд, ва ин дафъа қариб сӣ нафар буданд, ва ду бор ҳамла оварданд, ки биноро гиранд, вале ҳар дафъа талафот дода, пас мегаштанд. Ва капитан ҳалок шуд, ва Зоирову Бурбонис ҷароҳатҳойи вазнин бардоштанд…
Ва «дивизияи дӯстон» ҳабдаҳ шабу рӯз сангарашонро тарк накарданд, ва сенздаҳ ҳамлаи фашистонро зада гардониданд, ва ҳашт нафарашон ба шаҳодат расиданд, ва ду нафарашон, бо ҳамроҳии сержант, ҷангу муқовиматро давом медоданд; ва ҳабдаҳ шабу рӯз кампиракони гузар, шабона, ё рӯзона, пинҳонӣ барои онҳо нону об бурданд; ва фашистон, бо гумони он ки дар ин бино аскару афсари бисёре ҳаст, аз осмон бомба партофтанд ва мактабро тарконданд; ва «дивизияи дӯстон» дар ҳифзи Ватан ҷон доданд, вале ба душман тан надоданд.

пешина
аз 435
навбатӣ