ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
ҷо шинос шуданд, ва дар ҳамин ҷо «дивизия» ташкил доданд:
Командир Владимиров – урус
Аспсавор Заиров – қазоқ
Танкист Бурбонис – латиш
Табиб Мулукиян – арманӣ
Лётчик Охундов – озарбойҷонӣ Баҳрнавард Петренко – украин Артиллерист Ҳабибов – тоҷик Пулемётчик Примқулов – ӯзбак Разведчик Алехно – белорус
Минаёб Куусберг – эстонӣ.
Ва шабона якнафариву дунафарӣ аз истироҳатгоҳ берун баромаданд, ва дар роҳи мошингард ғун омаданд, ва як мошини боркаши роҳгузарро нигоҳ доштанд, ва гуфтанд, ки «ба слёти пионерон мераванд, слёт фардо сар мешавад ва агар ҳозир нараванд, дер мемонанд», ва ронанда саворашон кард ва бо роҳи кӯҳи Собун1 ба Севастопол омаданд; ва бо ҷустуҷӯ аввалин идораи комиссариати ҳарбиеро, ки диданд, ба ҳамон ҷо даромаданд, ва талаб карданд, ки «дивизияи онҳоро фавран ба фронт бифристанд», ва навбатдори комиссариат хандид: «фронт ҷое нест, ки ҳар кас бо ихтиёри худ рафтан гирад. Тартибе дорад»; ва андак ба андеша рафт, ки ин кӯдакон дар ин шаҳри калон саргардон мешаванд, ва роҳ нишон дод, ки равед ба мактаби шасту якум, дар канори шаҳр, аз ин ҷо чандон дур не, даъватиҳо дар ҳамон ҷо ҷамъ мешаванд, ба шумоён ягон маслиҳат медиҳанд, ёрӣ мерасонанд. Ва «дивизияи дӯстон» рафтанд, мактабро ёфтанд ва як капитану ду сержантро диданд, ки гирди мизи куҳнае, як даста қоғази сафедро тагурӯ ва ҳисобу шумур мекунанд; ва капитан ба онҳо гуфт, ки «равед, ба хонаҳотон. Калонтар шавед, баъд даъват мекунем. Имшаб дар ҳамин ҷо, дар ошёнаи дуюм, рӯи дараш синфи ҳафт навиштагӣ, матрас
Сапунгора.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё