Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва баталиони пиёдагарде, ки ба муҳосира афтод, ва ақибнишинӣ мекард, ки роҳ ба саломат барад, дар канори рӯде истод, ва рӯд оромҷараёну серобу чуқур буд, ва комбат дар андеша афтод, ки асбобу силоҳ ва бору бун ва беморону захмдоронро чӣ тавр аз рӯд бигзаронад; ва дар пешу атроф дарахту буттае набуд, ва фақат як хона дар баландӣ менамуд; ва соҳиби хона Мария Ивановна, кампири қоматхамида, ба чӯбдасте такиякунон омад назди аскарон:
– Аз куҷо меоед? Ба куҷо меравед?
– Аз рӯд он тараф гузаштанием, – ҷавоб дод комбат.– Душман таъқиб мекунад. Дар ҳамин наздикиҳо пуле ҳаст?
– Нест. Ҳамаашро бомба заданд. Аз осмон заданд.
– …
– Чӯбу дарахт ҳам нест. Бе пул асбобу анҷоматонро гузаронида наметавонед. Тагаш чуқур, соҳилаш баланд.
– …
Ва набераи кампир омад. Бачаи нӯҳ-даҳсола.
– Як роҳаш ҳаст, – кампир тарафи хонааш нигарист. – Чӯбҳойи хонаро кашеду пул созед.
– Мо ки фашист нестем, – ғурингид комбат.
– Фашист нестед, ки чӯби хонаамро медиҳам.
Ва дар Ленинград омӯзишгоҳи артилериро бастанд, ва курсантҳо бояд ба фронт бираванд, ва ба курсантҳойи соли севу чор рутбаи ҳарбӣ доданд, ва Холмурод рутбаи лейтенантӣ гирифт; ва бародари калонаш Мирзомурод, бо кадом роҳи фақат ба худаш маълум, ба ӯ пайғом расонид, ки «додар, ба ҷанг нарав. Гурез. Агар корат барор гирад, бо роҳи Кушка ва Тирмиз ба Афғонистон гузар.
Дар он ҷо одамони мӯътамад ҳастанд. Онҳо туро ба воситаи Покистон ба назди ман, ба Маккаи Мукаррама мефиристанд. Агар корат барор нагираду дастгират кунанд, ҳеҷ қисса не. Ҳабс мекунанд. Дар ҳабс нишастан беҳтар аз он аст, ки ба ҷанг равӣ ва барои болшевикони бедину бемуруввату хунхор ҷони азиз ба қурбон бидиҳӣ…

пешина
аз 435
навбатӣ