Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва сипоҳу силоҳи немис дар тамоми дунё ном баровард, ва машҳуру вирди забонҳо шуд, ки «онҳо шикаст хӯрд гуфтанӣ гапро намедонанд, ва ҳеҷ гоҳ, дар ҳеҷ ҷо, мағлуб намешаванд»; ва худашон ҳам бовар доштанд, ки ҳамеша дар ҳама ҷо ва дар ҳама гуна шароит, ғолиб ҳастанд; ва сармасти ғалабаҳо шакку шубҳае надоштанд, ки СССР-ро ҳам бо як ҳамла, барқвор фатҳ хоҳанд кард.
Ва нишастанду нақшаи ҷанг ва пас аз ҷангро кашиданд, – бино бар нақшаи «Барбарос» СССР як иттифоқи ноустувор ва сохтаест, ки аз халқу қабилаҳойи бисёр зӯран фароҳам овардаанд, ва ҳар яки онҳо дину ойин ва хислату одати дигаре доранд, ва яке мухолифи дигарест, ва дар рӯзи аввали ҳамлаву ҳуҷум титу пораву пароканда мешавад, ва аз ҳам фурӯ мерезад; ва дар муддати панҷ моҳ, ва агар бисёр тӯл кашад, дар шаш моҳ, ғалаба ба даст меояд; ва ҷаҳони мутамаддин аз хавфи марговари болшевизм халос мешавад, ва аз ҳукумати шӯравӣ ному нишоне боқӣ намемонад; ва мақсад фақат забт кардани Москову Ленинграду Қофқозу Осиёи Миёна нест, балки мақсад нест кардани халқҳост, ва аз он халқҳо ҳар қадаре ки боқӣ мемонад, танҳо як вазифа дорад,
– дар корҳойи чиркин ба манфиати саноату иқтисоди Германия хизмат кардан аст.
Ва нақшаи «Ост» пешбинӣ мекард, ки коммунистон ва комсомолонро асир нагиред, дидеду ёфтед, дар ҷояш нӯги тир бикунед; ва пеш аз ҳама ёдгориҳойи таърихӣ ва миллиро несту нобуд бикунед, зеро ки ёдгориҳо миллатро зинда нигоҳ медорад, ва онҳоро несту нобуд бикунед, дар умри як-ду насли оянда миллат ҳам мемурад; ва дар бисту панҷ-сӣ соли минбаъда, аз хоки шӯравии имрӯза, яксаду бист-яксаду чил миллион сокинашро кушта ва ё кӯчонда, ба ҷойи онҳо немисҳоро оварда мондан лозим аст…
Ва Германия, бо иттифоқ ва мадади Италия, Венгрия, Руминия, Финландия, Хорватия, Словакия лашкар кашид,ва ҷанги одаму автомату танку тӯпу минамёту самолёту вертолёт даргирифт, ва паронданду тарконданду сӯзонданд, ва постҳову казармаҳову ситодҳо, ва заводу фабрику конҳо, ва деҳаҳову шаҳрҳо ба коми оташ рафт, ва пулҳову роҳҳову лӯлаҳойи об, шикасту ҷару ҷӯ шуд.

пешина
аз 435
навбатӣ