Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

сӯхтанд, охирин нишонаи замони феодалиро сӯхтанд, ва аввалин занҳоеро, ки дар ину он ҷо дар маъракаҳойи озодии занон, ба майдон баромаданд, фаранҷӣ аз сар гирифта, ба коми алангаи оташ партофтанд, раиси шӯройи деҳа, бригадири бригадаи шоҳибофон, мудири шӯъбаи бачаҳо дар идораи милисаи халқӣ таъин карданд, ва Ҳакими Мӯриро, ки ду зан гирифтааст, ба муҳокима кашиданд, ва аз сафи ҳизб бароварданд, ва ба ҳабсхона фиристониданд; ва занҳоеро, ки дар истеҳсолот пешқадам шудаанд, ба депутатӣ дар шӯройи маҳаллӣ ва шӯроҳойи вилоятиву ҷумҳурӣ ва шӯройи олии СССР пешбарӣ мекарданд; ва депутати шӯройи олии СССР, раиси кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод Мастура дар рӯзномаи «Правда»
мақола чоп кард, ки «фаранҷӣ бори гарон аст, нест карда шавад», ва барои дастгирии фикри ӯ ҳаштсаду панҷоҳ маҷлис оростанд, ва сиву панҷ ҳазор зан иштирок кард.
Ва дар арсаи ҷаҳон обрӯ ва эътибору эҳтироми Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯз ба рӯз меафзуд, ва ранҷбарони рӯйи дунё ҳавас мекарданд, ки боре ба СССР оянд ва адолату саховаташро бо чашми худ бубинанд ва як даме аз ҳавойи озодӣ нафас бикашанд; ва дар дили озодихоҳон ва адолатҷӯён ва ситамкашон, орзуи чунин идеалҳоро пеш бурдан ва давлате ба мисли Ҳукумати Шӯравӣ барпо кардан, ва дар ватани худ, ба монанди мардуми шӯравӣ, озоду ободу фаровонрӯзӣ гаштану зистан, ҷӯш мезад; ва дар Эрону дар Ироқу дар Ҳиндустону дар Чин ва дар Аврупову Амрикову Африқо садойи озодӣ баланд мешуд, ва ҳизбҳойи халқӣ, демократӣ, сотсиалистӣ, коммунистӣ таъсис меёфт, ва даъват мекард:
«Ранҷбарон! Вақти озодии мо расид!», ва барои ба озодӣ расидан муборизаҳо мебурданд, – муборизаҳойи ғоявӣ, маъмурӣ, инқилобӣ, ва нониву ҷонӣ.
Ва…

7 Ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд.
Бисту дуввуми моҳи ийуни соли як ҳазору нӯҳсаду чилу якум, Германияи фашистӣ, аҳди дӯстие, ки ду сол пеш бо СССР баста буд, хоинона шикаст, ва ҳанӯз субҳ надамида буд, ки бо тамоми қувваи ҳарбӣ ва таблиғотияш, ғофил ба давлати шӯравӣ, аз замину аз осмон, якбора ҳуҷум кард.

пешина
аз 435
навбатӣ