ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва дар СССР сотсиализм пешипо хӯрда ва гоҳе ба тундравӣ афтода, дар рафти кор бархеста ва солорона ба ислоҳ расонида, роҳи расидан ба коммунизмро кӯтоҳ мекард, – халқи ҳамаи ҷумҳуриҳо ва мардуми ҳамаи миллатҳо ва аҳли ҳамаи дину оинҳо ба якдигар дӯсту бародар ҳастанд, ва чун фарзандони як оила, дар як хона зиндагӣ ба сар мебаранд, ва неъматҳои рӯҳониву моддӣ ба ҳамаи аъзоёни ҷомеъа баробар тааллуқ дорад, ва баробар заҳмат мекашанд ва аз самараш баробар баҳра мебурданд; ва намунаи айёнии Одами нав коммунист аст, ва коммунист касе ҳаст, ки фақат луқмаи ҳалоли худашро мехӯрад, ба молу номуси мардум чашм ало намекунад, ба фиребу хиёнат даст намезанад; ва манфиати халқро аз манфиати худ болотар медонад, ба ғун овардани пулу мол машғул намешавад, ва қасру кӯшк намесозад, ва як куртаи зиёдатӣ дошта бошад, ба нафари бекурта медиҳад; ва одаме, ки чунин хислатҳо ва чунин сифатҳо надорад, вай коммунист нест.
Ва давлат ғами обу нон, либосу палос, ҷойи кору муҳити зисти мардумро мехӯрд… Ва ҳар як шахс муносиби қобилияташ имтиёз дошт…
Ва хурду калонро мехононд, то ки дар мамлакат як нафар одами бесавод набошад; ва илму адабро аз қасру кӯшкҳо, аз тасарруфи ашрофон, берун овард, ки хизмати заҳматкашонро бикунанд, ва адибон аз рӯзгори коргару деҳқон асар бинависанд, ва машшоқону сурудхонон, дар саҳрову клубҳову сохтмонҳову зовудҳо, барои халқ рақсанду сароянд, ва косибон асбобҳое бароранду матоъҳое бибофанд, ки як дегу кафгир ва як косаву чумча ва як кӯзаву дӯлча, ва як метр матоъу як ҷуфт попӯшу як куртаву эзор, он чунон бадошт бошад, ки солҳо хизмат бикунад ва дер шиканаду дер дарад.
Ва дар Осиёи Миёна занҳо гулханҳо афрӯхта, фаранҷӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё