ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва дар саҳро, дар байни ғарами хокҳо, дар ҳузури анбӯҳи мардони пиру ҷавон, ки занбарҳо чаппа ё бел уреб ва ё домани ҷомаро лӯнда монда рӯи хоктӯдаҳо нишастаанд, ё метин ба даст ёнбош кашидаанд, ва ё ба мисрон такия кардаанд, шоир болои хомаи хок баромад ва шеър хонд:
Шод бимон, эй ҳунари ранҷбар,
Эй шарафи дудаи навъи башар!
Эй зи ту обод ҷаҳони вуҷуд,
Ҳеҷ набуд ар ки вуҷудат набуд.
Давлати шоҳон асари ганҷи туст,
Роҳати аъён самари ранҷи туст.
Гар ту ду рӯзе надиҳӣ тан ба кор,
Яксара нобуд шавад рӯзгор.
Боиси ободии олам туйӣ,
Ранҷбаро, маънии Одам туйӣ!
Ва Шоҳгадойи получ ба ҳамкораш Алишоҳи ҷандапӯш хитоб кард:
– Маънояшро фаҳмидӣ?
– Ҳа, фаҳмидам.
– Балоро нафаҳмидӣ!
Ва ӯ аз ҷо хест ва ҷелакашро таги якабанд ҳамвор кард ва саллаи хурдакаки куҳнаро ба сараш нимшоха монд, ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё