Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

халос шавад, ва…
Ва дар авҷи душманҷӯиҳо як қатор берӯёне пайдо шуданд, ки барои панҷ-даҳ сӯм пули муфт гирифтан, бо якдигар ба мусобиқа даромаданд, – канӣ, кӣ бештар душман меёбад ва кӣ зиёдтар пул!.. Ба ҳар сари душман понздаҳ сӯм медоданд.
Ва баъд аҳолӣ ором шуд, ки тӯфони бало гузашт, ва дигар ҷойи хавфеву тарсе нест, ва ҳатто як дараҷа рӯҳбаландиву хурсандӣ эҳсос кард, – хуб шуд, ки ҳукумат шохи ҳаромкоронро шикаст. Он ҳама нуқсонҳо ва бебарориҳо, ба мисли гуруснагӣ, ҷабран кашида гирифтани ғаллаву нақдина, нопурсида ҷазо додан, аз худ ҳокими навбаромад сохтани мансабдорон, бо айби ҳокимияти шӯравӣ набудааст, ин ҳама беадолатиҳо кори ҳамин роҳбароне будааст, ки ҳокимияти шӯравӣ ва ғояҳойи сотсиалистиро дар дохилу хориҷ беобрӯ ва бадном кардан мехостаанд.
Душмани халқи заҳматкаш будаанд. Хуб карданд, ки несташон карданд.
Ва дили заҳматкашон ба ҳокимияти шӯравӣ боз ҳам гармтар шуд, – дар боло нишастагиҳо, ба монанди замонаҳойи пеш дар ғами тану ишкам ва кайфу сафо ва кӯшку қасри худ нестанд, инҳо ғами халқро мехӯранд, ғами беваю бечораро мехӯранд, ҷойи кор медиҳанд, нону намак медиҳанд, гӯгирду карасин медиҳанд…
Ва бо хоҳиши худу муроди дил заҳмати ҳамагуна корро ба дӯш гирифтанд, ва аҳлона ба ҳашар баромаданду ҷӯй канданду об бароварданд, ва ҷару ҷӯву шаху сангро буриданду парч бардоштанду дар яксаду панҷ рӯзу шаб панҷсаду шасту ҳафт километр роҳи мошингард кушоданд; ва пулҳоро устувор карданд, ва хок канданду лой ҷӯлонданду хишт хобонданду девор бардоштанду мактабу клуб сохтанд; ва то ба имрӯз «аз бекор Худо безор» мегуфтанд, акнун аниқ карданд, ки «ҳар касе кор накунад, нон намехӯрад», ва одами бекорагард ради маърака шуд; ва ҳукумат барои он ҳама корҳое, ки оғозаш душвору оқибаташ ободӣ аст, маблағҳо медод, асбобу анҷом медод, шароити мусоиди кор фароҳам меовард; ва коргаре, ки аз таҳти дил кор мекард, – хоҳ дар кишт, хоҳ дар чорводорӣ, хоҳ дар сохтмон, хоҳ дар фабрику зовуд, дар кадом соҳаву дар кадом ҷое, ки бошад, – он қадар мартабаи баланд ва обрӯву эътиборе насибаш мешуд, ки дар ягон давру замон на касе дидаасту на гӯше шунидааст.

пешина
аз 435
навбатӣ