Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Амир дар Бухоро ҷиҳод эълон карду худаш ба Самарқанд рафт. Дар ҷанги остонаи Дизак, ки худаш сипаҳсолор буд,ва шикасти сахт хӯрд, ва эътибораш назди мардум коста шуд, ният дошт дар Самарқанд он эътибори рафтаро баргардонад; ва дар Самарқанд тарҳ кашиданд, ки «ҳамаи мусулмонон ба по хезанд, ва аз Чирчиқ биёянд, аз Дизак бароянд, аз дигар ҷоҳо биёянду дар Нурато ғун шаванд! Ҳамин ки аскари рус аз дарё гузашт, аз ду тараф ҳуҷум намуда, ҳамаашро қир кунанд». Ва мусулмони қаторӣ Муроди чоряккор дар сӯҳбати айвони масҷид, эътироз кард: «Соҳиби хок амиру дастёронаш. Соҳиби об амиру дастёронаш. Барои чӣ ба ҷанг мерафтаем? Худи амиру дастёронаш рафта ҷанг кардан гиранд!!!»
Тайёрӣ ба ҷиҳод авҷ гирифт – дар мадрасаҳо ба ҷиҳод даъват мекарданд, дар кӯчаву бозор ҷор мекашиданд, ва дар сарбозхонаҳо таблу дуҳул заданд ва ба музофотҳо шотир фиристониданд ва пешкорон дари хонаи мардумро мекӯфтанд.
Ва Рӯзимурод тӯшаи даҳрӯза ғун овард ва рафт ба ҳавлии устодаш Дӯстмурод, барои видоъ. Дӯстмурод сари хонтахта нишаста буд ва чизе менавишт, ва ба Рӯзимурод ишора кард, ки «биё, рӯи кӯрпача биншин, ман ҷумларо тамом кунам, мехезам»; вале нимсоат зиёдтар даст аз дафтар набардошт, ва Рӯзимурод аз интизорӣ дилтанг шуд ва бетоқатӣ кард:
– Паноҳатон ба Худо устод, ман рафтам.
– Як дам истед, аҳволпурсӣ накарда куҷо меравед?
– Ман ба ҷиҳод меравам.
Дӯстмурод аз паси хонтахта хест, ва зонувонашро молида-молида омаду дар паҳлӯи Рӯзимурод, рӯи кӯрпача нишаст:
– Ба ҷиҳод?!
– Ҳа, ба ҷиҳод.
– Дурусттар фикр кардед?
– …
– Инҳо гумон доранд, ки ба ҷанги ҳокими Ғузор, ё Ҳисор, мераванд. Низоми сипоҳ ва қудрати силоҳи русро надидаанду намедонанд.

пешина
аз 435
навбатӣ