Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Балвогарӣ мекунад. Байни мардуми ғазоталаб иғво меандозад. Вай дирӯз дар Чорсӯ, дар байни тӯдаи кӯчагарду роҳгузар ва бозориён, тарғиб кардааст, ки ба ҷанг наравед, шумо ёри ҷанги урусҳо нестед. Амир ҳам он сипоҳу он силоҳро надорад. Ҳар касе, ба чунин ҷанг миён мебандад, бехираду бефаросат аст.
Амир аз Қушбегӣ пурсид:
– Бехирадаш чӣ гуфтанӣ гап?
Қушбегӣ аз тафсири луғат гурехт, ва ба рӯ ниқоби мунофиқӣ кашид, ва бо фурӯтании сохта, эҳтиром нигоҳ дошт:
– Амирам беҳтар медонанд.
Амир ба Ҳоҷӣ Тӯра нигоҳ кард:–Бехирадаш чӣ гуфтани гап?
Ҳоҷӣ ду даст сари сина гузошту расми таъзим ба ҷо овард:
– Амирам беҳтар медонанд.
Амир завқ бурд:
– Мо беҳтар донем, муҳандисро қозӣ карда ба ягон тумони вайрона мефиристем. Дар ҳамон ҷоҳо девонагӣ карда гардад.

8 Императори Аъзам ба ҷанг тайёрӣ медид, вале ҷангро
Амири Бухоро сар кард.
Дар Русия ҳарбиён ва сармоядорон ва савдогарон ва безаминон таъҷил доштанд ва бетоқатӣ мекарданд, ки фатҳи Осиёи Миёнаро битезононанд, ва зудтар роҳи савдои бемонеъа ва истифодаи сарватҳоро таъмин намоянд; ва дар Бухоро азм доштанд, ки дар остонаи Самарқанд ба душман зарба бидиҳанд ва тамоми хоки мусулмонро, ки кофирон гирифтаанд, баргашта бигиранд. Ва ашрофон ва муллобачаҳо ба шӯр омаданд, ва Қозикалон ба одамони наздикаш фармуд, ки дастае аз толибилмон ташкил бидиҳанд, ва афроди ин даста шабу ними шаб ба мадрасаҳо бираванд ва дари ҳуҷраҳо бикӯбанд, ва нидои «ҷиҳод» дар диҳанд, ки рӯҳи ҷанг дар онҳо боло гирад.

пешина
аз 435
навбатӣ