ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва амиру хонҳо дар талоши он ки Хоқон бишаванд, байни худ ҷангҳо мекарданд ва Осиёи Миёнаро ҳамонҳо ба ҳайҷойи доимӣ табдил дода буданд; ва Аҳмад Полвонҳо дар сафи лашкари онҳо даромаданд, ва ба масал дар тобеъи хонигарии Хоразм бошанд, муқобили Аҳмад Полвонҳое меҷангиданд, ки дар итоати хони Қӯқанд ҳастанд; ва бо ҳамин тартиб Аҳмад Полвони Бухоро душмани Аҳмад Полвони Балх, ва Аҳмад Полвони Ғазнин душмани Аҳмад Полвони Марв, ва Аҳмад Полвони Фарғона душмани Аҳмад Полвони Самарқанд, ва Аҳмадҳо аз ҳам ҷудо, ба якдигар душман, ва ғами миллат ва орзуи давлат дар сар не, ва дар ватани худ, бе ватан; ва баъзе мулкҳо яклухт забони модариро гум кардаанд; ва бесабаб нест, ки вақти ба рӯихат гирифтани аҳолӣ одамони ҳафтоду ду пушташон тоҷик, ба саволи «шумо тоҷик ё ӯзбак» фикр накарда, бе ҳеҷ истиҳола ҷавоб доданд, ки «мо аслан ӯзбак, лекин забонамон тоҷикӣ шудагӣ».
Ва Азизмурод ҳам то ба ҳол аз ин бобат фикру андеша намекард – ба фаҳми ӯ вуҷуди тоҷикон дар ин сарзамин, чун халқи таҳҷоиву муқимӣ, як амри таърихиву табиӣ буд, ва аз гумони касе намегузашт, ки имрӯз онро зери шубҳа мегузоранд, ва акнун баракс, – пайваста дар сар ва дилаш ёфтани сабаби ба чунин аҳвол гирифтор шудани тоҷикон аст; ва ҳар вақте хислати Аҳмад Полвонҳо ва Қаро Ботурҳо ва рафтору кирдори онҳо дар ину он мавриду ҳолатро ба муқоиса мегирад, ҳатман суханони бо иддаъои раиси комиссияи тақсимот дар гӯшаш ҷарангос мезанад, – «Осон ва бе ҳеҷ шакку шубҳааш, Қӯқанд давлати мингҳо, Бухоро давлати манғитиён, Кӯлоб давлати қатағанҳо, ва яклухт бигирем, хоки Осиёи Миёна кишвари Туркистон ном дорад, пас шумо аз кадом давлати тоҷикон ҳимоя кардан мехоҳед?!» Ва раёсати маҷлис ва гӯшакӣ кардану беовоз хандидани ду нафар аз қатори якум, баръалову зинда пеши назараш меояд, ва бо рагу пӯсташ ҳис мекунад, ки он ду нафар зотан Аҳмад Полвонҳо ҳастанд, вале тарафи Қаро Ботурҳо гузаштанд, ва бо дархостҳойи ӯ ва ба мулзаму танҳо мондани ӯ механданд; ва он як нафаре, ки ҳамеша аз тарафи дасти рости Раис менишинад, ва муаллифи асосии маърӯзаҳо ва хомнависи қарорҳост, дар асл ва насл аз нажоди Аҳмад Полвонҳо буданд, лекин ба авлоди Қароботурҳо гаравиданд; ва ин нафароне, ки аз миллаташон рӯ гардонидаанд, ва ба ивази кадом як имтиёзҳо миллату ватанашонро фурӯхтаанд, дар талоши инкор кардани мавҷудияти халқи тоҷику забони тоҷикӣ, аз Қаро Ботурҳойи асил дида, сад бор фаъолтар ва бадтаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё