ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва бо мурури замон Қаро Ботурони бисёре дар шарқу шимолу ғарбу ҷануби Хуросони Бузург ғун омаданд, ва шаҳрҳоро ғасб карданд, вилоятҳоро ғасб карданд, ва ҳар якеаш худро миру амиру хон эълон кард ва сарлашкар шуд. Ва Аҳмад Полвонҳо низ афзуданд, – «барои мо чӣ фарқ дорад, ки амиру хон аз кадом қавму қабила аст. Вай кори худашро мекунад, мо кори худамонро».
Ва минбаъд Қаро Ботур кори худашро кард, – вилоятеро, ки ба дасти тасарруф овард, нахуст талаву тороҷ кард, ва ободиҳоро ба вайронӣ расонд, ва сарҳади давлатӣ сохт, ва арбоби деҳаву шаҳру ноҳияҳову қалъаву қасрҳоро нав кард ва дар ҳамаи мансабҳо аз қавми худаш одам монд, ва забони худашро забони коргузории маъмуриву ҳарбӣ донист, ва ин қавми ғолиб ба сари қавмҳойи мағлуб ҳукм меронд…
Ва Аҳмад Полвон низ ба корҳойи худаш машғул шуд, – замин меронду кишт мекард, ҷӯ меканду об мебаровард, ва ниҳол мешинонду боғу бӯстон пайдо мешуд, ва лой мехобонду хишт мерехту коху қаср месохт, ва путк ба сангдон мезаду оҳан нарм мекарду шамшеру наъли асп мебаровард, ва дар мактабу мадраса ва аз минбари масҷиду айвони мазору хонақоҳҳо, аз гӯру қиёмат ва одоби нишасту хез ва савоби рӯзаву намоз, дарс медоду ваъз мегуфту насиҳат мекард…
Ва Хуросони Бузург пораву пароканда гардид, ва мардуми таҳҷойӣ тақсиму парешон шуд, ва дар ин хоку бум, дар дарозои асрҳо, Қаро Ботурҳо чандин давлати калону хурд сохтанд, ва Аҳмад Полвонҳо, агар зид буданд, шикаст хӯрданду фирор карданд, ва агар бетарафу бепарвойу муросокор буданд, ба хизмат рафтанд, ва ҳатто лашкариву вазиру қозикалону шайхулислом шуданд; ва хонҳо ҳавасу даъвойи Хоқонӣ доштанд, ва шарти Хоқонӣ чунин буд, ки аз авлоди Чингиз бошанд; ва Аҳмад Полвонҳо таърихи ҷаҳонгириву зафарҳойи Қаро Ботурҳоро муболиғаомез бинавиштанд, ва далелҳойи часпону ночаспон ёфта, шаҷараи ину он амиру хонро бурда ба Чингиз часпонданд, ки ҳақ дорад Хоқон бишавад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё