Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бо шарофати сиёсати одилона ва озодибахши марксизм ва ленинизм соҳибдавлат мешаванд. Бо чашми бино ва бо гӯши шунаво нигаристану шунидан даркор.
Ва ҳозирони маҷлис хомӯш истоданд, ва дар қатори якум ду нафаре, ки паҳлу ба паҳлу нишастаанд, кӯтоҳ гӯшакӣ карданд ва бесадо хандиданд.
Ва Қарорҳоро хонданд, ба овози тасдиқу бетарафиву рад вогузор карданд, ва ҳозирони толор ба ҳар як қарор фаъолонаву якдилона дасти рост боло бардоштанд, – ба тасдиқаш овоз доданд ва Азизмуродов низ овоз дод, қатори ҳама, ва қатори ҳама, – хар аз хар ақиб монад, гӯшашро мебуранд, – бо навбат ба зери ҳамаи қарорҳо даст монд; ва давлатҳойи нав – ҷумҳуриҳойи шӯройии сотсиалистӣ дар харитаи ҷаҳон пайдо шуд, ва Тоҷикистон дар тобеъи Ӯзбакистон монд.
Ва хеле дертар шаб дар меҳмонхона, ҳуши Азизмурод ба сараш зад, – ростро дурӯғ бароварданд, ба дурӯғ ҷомаи ростӣ пӯшонданд, ва ман ҳам шарики ҳамин беинсофӣ! Ва аламаш омад, сахт алам кард…
Ва хобаш парид, – аз таърих бохабару бехабар баробар аз ҳақиқат чашм пӯшиданд, ва адолати ҳукумати шӯравӣ низ зери шубҳа монд, ва чунин ҳам мешудааст, ки ҳастро нест ва нестро ҳаст, гӯён қарор барориву ҳукми қонунӣ бидиҳӣ! Ва модом ки чунин шуд, пас сабабе дорад, чунки корҳойи ҷаҳон бесабаб нестанд, ҳар коре сабабе дорад.
Вуҷуди наве, – кӯдаке, баррае, хӯтуке, – ба дунёи равшан ояд, сабабаш ин аст, ки нару модае ҷуфт шудаанд, ва гӯсфандонро гург хӯрад, сабабаш ин аст, ки рама бесоҳиб мондаст, ё ки чӯпон ғафлат кардааст… Ва хоки моро гирифтанд, ва худи моро писанд намекунанд, сабаб?! Ҷуфт шуда наметавонем? Бесоҳиб мондаем? Ғафлат кардаем?
Ва Азизмурод, аз ҳамон шаб то охири умраш, гирди ин мавзӯъ фикр мекардагӣ шуд, ва ӯ аввалин касе буд, ки ба таърихи тоҷикон аз паҳлуи дигар аз паҳлӯи хислати мардум нигарист.
Ва нигаристу бидид, ки на ҳамешаву пайваста ҷуфт шуда тавонистем; ва на ҳамеша барои асолати миллат ва давлат бедорона ҷаҳд кардаем; ва на ҳамеша соҳибдор будаем…

пешина
аз 435
навбатӣ