ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва дар Тошканд комиссияи миллӣ дар тараддуди қарор баровардан буданд, ва ҷузъиёташро аниқ мекарданд, ва таҳрири Московро илова менамуданд, ва иловаи ба тоҷикон дахлдораш ин буд, ки «Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва дар дохили он Ҷумҳурии мухтори Ӯзбакистон таъсис дода шавад», ва боис ҳамин будааст, ки қариб дар охири кор зеркомиссияе аз тоҷикон буданашро лозим донистаанд; ва аз шунидани ин хабар дили Азизмурод қувват гирифт ва дар муддати шонздаҳ рӯзе, ки ба ӯ мӯҳлат дода буданд, то ҷое ки метавонист, ҳуҷҷат ёфту санад оварду дархост навишту пешниҳод кард ба комиссия.
Ва рӯзи маҷлиси якҷояи комиссияҳо, аз маърӯзаҳо ва хомнависи қарорҳо, маълум шуд, ки «азон ба гӯши шутур гуфта будааст», – бурҳону гузоришҳои ӯро заррае ба инобат нагирифтаанд ва пешниҳодҳояшро ҳатто ёдовар нашуданд; ва ӯ ба раиси комиссия савол дод:
– Рафиқ Раис, чаро таҳрири Московро ба маҷлис набаровардед? Баъд чаро ҳуҷҷат ва пешниҳодҳойи зеркомиссияи тоҷикон мавриди гуфтугӯ ва баҳс нашуд?
Ва раис ҷавоб дод:
– Шумо, рафиқ Рӯзимуродов, ё хобатон бурдаст, ё ки худатон дар ин ҷову хаёлатон дар ҷойи дигар. Дар маърӯза, гузоришҳо ва қарорҳо, ба саволҳоятон ҷавобҳои муфассал буд. Бо диққат гӯш накардаед. Масалан, ба тоҷикон вилояти мухтор не, чунонки дар аввал пешбинӣ буд, балки ҷумҳурии мухтор доданд, ки бино бар таҳрири Москов аст. Даъвоҳойи ватандорӣ, ки дар пешниҳоди зеркомиссия омадааст, таърихан беасос будааст, ва дар музокираҳо аъзоёни комиссия бо далелҳойи қотеъ исбот карданд, ки дигар ҷойи баҳс надорад. Осон ва бе ҳеҷ шакку шубҳааш, Қӯқанд давлати мингҳо, Бухоро давлати манғитиён, Кӯлоб давлати қатағаниҳо ва яклухт бигирем, ин сарзамин кишвари Туркистон ном дорад, пас шумо аз кадом давлати тоҷикон ҳимоя кардан мехоҳед?! Тоҷикон акнун давлатдор мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё