Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва сафиронашу ҷосусон ба ситодҳойи ҳарбӣ ва роҳбарони ҳукумати шӯроӣ хабарҳои пинҳонӣ мефиристониданд, ки «Амири Бухоро дар зоҳир бо мо аҳди дӯстӣ мекунад, вале дар воқеъ ба корҳои дигар машғул аст, – вазир Мулло Қутбиддинро ба Кобул ва Ҳоҷӣ Сафарбийро назди комиссияи англис ба Машҳад фиристонид, бо мақсади аҳди ҳарбӣ бастан, ки муқобили мо биҷангад. Генерал Муҳаммадхони афғон ба Бухоро омад ва тӯҳфаҳойи бисёре овард, ва Амир ба ӯ гуфт:
– Хулосаи машварат ин аст, ки мову шумо, бо дастгирии якдигар, бо болшевикон биҷангем. Зеро ки фурсат ғанимат, ҳоло ҳозир давлати онҳо гирифтори заъф аст.
Вақти муносиб ҳамин аст.
Генерал ҷавоб дод:
– Мову шумо бародарем. Афғонистону Бухоро бародаранд. Афғонистон ба муқобили Британия камар бастааст.
Шумо аз ин тараф бо болшевикон ҳарбу зарб сар бикунед.
Баъд аз он бо салоҳу машварату раводиди ҳамдигар кор бикунед, ҳам ба манфиати шумост ва ҳам ба манфиати мо.
Ба манфиати олами ислом низ ҳаст.
Ва Афғонистон барои Бухоро дусад аскар ва як дастаи мусиқӣ ва ҳафт тӯп ва ҳафт фил фиристонид.
Ва кумитаҳои ҳизбӣ ва ситодҳойи ҳарбӣ дар Москову Тошканд пинҳону ошкор машваратҳо карданд ва харитаи аморати Бухороро рангҳои сабзу сурх кашиданд; ва дар асл талаби фатҳи чунин як луқмаи ширину равғанӣ чун хоки Бухоро ҳамеша дар мағзи сару пеши чашмашон чарх мезад, бо вуҷуди чунин ҳолат баҳс хеле тӯлонӣ буд, – сиёсатмадорон дар андешаи он буданд, ки ғосибӣ идеологияи сохти сотсиалистӣ нест, балки мухолифи он аст ва дар арсаи байналхалқӣ обрӯйи ҳукумати шӯравиро мерезад. Ва ҳарбиён исбот мекарданд, ки кишвари Туркистон сад сол боз қисми таркибии Русия аст ва ба таркиби ҳукумати шӯравӣ дохил кардани он ғосибӣ нест, балки айни адолати ҷуғрофист, ва Бухоро ба Туркистон дохил мешавад; ва сарбории ин ҳақиқати таърихӣ аморати Бухоро ба ҷанги муқобили мо тайёрӣ мебинад, ки далелҳояшро дар даст доред.

пешина
аз 435
навбатӣ