Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва муфтӣ фатво дод, ки Маҳкам осии дини ислом аст, ӯро ҷанозаву гӯр кардан раво нест. Ҷасади ӯро аз болойи ҷар ба ҷӯши оби рӯд партоед.
Ва баъди тӯй нағора, дили халқ ба Маҳкам сӯхт; ва се ғаввос ёфтанду фиристониданд, ва дили шаб ҷасадро бароварданд ва кафан пӯшониданд, ҷаноза хонданд, ба хок супориданд.
Ва рӯзи дигар бек он се нафарро дастгир кард ва бо ҳар яке як ҳазору панҷсад танга ҷарима андохт ва молу мулкашонро тарака кард…

3 Ва аморати Бухоро пеш аз инқилоб васали Русияи подшоҳӣ буд ва пас аз инқилоб ҳам дар ҳоли васалӣ монд, вале ба ном давлати мустақил шинохта мешуд. Ва Амир лоф мезад, ки Бухоро бо Русия собиқаи дӯстӣ ва ошнойии шасту сесола дорад ва ин дӯстии давлатҳо барқарор аст ва абадан бардавом хоҳад монд; ва давлати Рус бо давлати Бухоро муоҳида намуда, ки аскари бисёре нигоҳ надорад, чунки лозим шавад, мо ҳифз мекунем ва ҳама асбобро муҳайё медорем; ва шумо ҳеҷ эҳтиёҷ нахоҳед дошт, фориғ бошед, ба осудагӣ ҳукмронӣ бикунед ва ба ободии мамлакат машғул бишавед. Ва пас аз инқилоб ин муоҳидаро нав карданд, ва вазири мухтор Преображенский ба дорулфохираи Бухорои Шариф омад ва истиқлоли давлати Бухороро ба ихтиёри ман дод; ва баъди ҷанги Когон, ки мо ғолиб шудем, Илиава ва Бриуде ба Бухоро омаданд, ва узр хостанд аз ман барои Колесов, ки ваҳшиву нодон аст. Давлати рус зиёда аз ним аср аст, ки бо давлати Бухоро дӯстиву ошнойӣ дорад ва аз ин дӯстӣ ҳар ду тараф манфиатҳо дидаанд. «Ҳар қадар хизмати давлати шумо бошад, давлати ҷумҳурии моён ёрӣ мерасонад. Ҳамчунин ваъда доданд, ки барои ман панҷоҳ ҳазор камон ва панҷсад пулемёт ва панҷоҳ аэроплан ва панҷоҳ миллион пули тилло мефиристонанд. Алҳол аз нӯгаш ёздаҳ тӯп аз Тошканд фиристониданд, ки тир надорад…
Ва Амир рост мегуфт, – вакилони давлати шӯравӣ хоки мулки Бухороро, ки сад сол пеш ба он тааллуқ дошт, ба тамомӣ ба ихтиёри ӯ вогузоштанд, ва ваъда доданд, ки аз ҷиҳати моливу пулӣ ва ҳарбиву амонӣ ёрии холисона мерасонанд…

пешина
аз 435
навбатӣ