Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва генерал Блаккер бо полковники гвардияи Сафед Корнилов забон як кард ва бо миёнаравии ӯ ба Фарғона рафт ва бо қӯрбошиҳо вохӯрд ва қӯрбошӣ Аъзамхон ба вай гуфт:
– Мо алҳол дуним ҳазор нафар ҳастем. Агар ба ростӣ дили дастгирӣ кардан доред ва мо аз ҷониби шумо дилпур бошем, дар як моҳ – чил рӯз то бисту панҷ ҳазор сипоҳӣ ғун оварда метавонем.
– Дилпур бошед, – ваъда дод Блаккер. – Ғун оваред.
Пулу мол ва тиру туфанг сари вақт мерасад. Хавотир нашавед. Зарурат пеш ояд, аз тарафи Эрон мадади ҳарбӣ ҳам мекунем.
Ва аҳд бастанд, сипоҳи Сафеди мусулмон фақат дар Фарғона бисту панҷ ҳазор нафар мешавад, ва Англия барои онҳо бисту панҷ ҳазор винтовка, чил пулемёт, шонздаҳ горная орудия медиҳад; ва ба ҳар як сипоҳӣ дар як рӯз аз панҷ то даҳ сӯм маош таъин мекунад, ва саркардаҳо, ҷои гап нест,музди бештар хоҳанд гирифт ва ба сипоҳиёни савора асп хоҳанд дод… Ва анборҳо дар Читрал ва Пишовар сохта мешавад, ва аз Читрал молу сипоҳ, бо роҳи ағбаи Мустоғ ба Қошғар ва аз он ҷо ба Ош мерасад; ва аз Пишовар, бо роҳи ағбаи Хайбар ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Кушка ва ба Дузбод ва Ашхобод ва ба Бухоро ёрии ҳамаҷониба таъмин мешавад…
Ва оғозу анҷоми муборизаву муҳориба ба тариқи зайл бояд бошад, – аввалан, ҳама гурӯҳҳо аз як гиребон сар бароранд ва тобеъи як ситоду як нақша будан шарт аст ва ҳар гурӯҳе худсарона коре накунад. Баъдан муҳориба дар ҳама ҷо баробар ва дар як вақт сар шавад, ва алоқаи байни якдигар бурида нагардад. Ба риояи ҳамин дастур гвардияи генерал Дутов аз ҷониби шимолу шарқӣ ба шаҳри Актюбинск ҳамла мекунад, ва ҳамзамон гвардияҳойи Сафед, ки дар моваройи баҳри Каспӣ ҳастанд, ба ноҳияҳое, ки шӯроҳо ғасб кардаанд, ҳуҷум меоваранд. Ва коммунистҳо маҷбур мешаванд, ки қувваҳойи ҳарбияшонро ҳамон тараф равон бикунанд.

пешина
аз 435
навбатӣ