Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Адлу инсоф ба хотирашон расидааст!?, – заҳрханда кард Абдуҳакими муздур дар маҷлиси шӯройи камбағалон. – Ҳамин қадар солҳо гузашт, як бор адлу инсоф ба хотирашон нарасид. Кайк барин хуни беваю бечораро макиданду боре аз адлу инсоф ёд накарданд. Акнун ки зӯр омадаст, адлу адолат ба ёдашон расид?! Мунофиқҳо! Хунашон ҳалол, ҳалол хуни ситамгарон!
Ва ситамдидагон дастаҳои мусаллаҳ тартиб доданд, ва шӯроҳо калтакдорони Сурх гуфтанд онҳоро.
Ва ҷосусони ваколатдор Бейливу Блаккер дар айни ҷӯши ҳамингуна муборизаҳо ба Тошканд омаданд, ва одамони худу зархаридҳойи таҳҷойиро фиристониданд ба вилоятҳойи шарқии Русия ва Осиёи Миёна назди муқобилони Инқилоби коммунистӣ ва хабар доданд, ки «душмани шумоён, душмани Британияи Кабир аст. Биёед бо ҳамдастӣ муқовимат бикунем».
Ва ин зоҳири муомила буд, ки «мо дӯсти шумо ҳастем, барори кори шуморо мехоҳем», вале дар асл дардашон дигар буд, – мехостанд, ки фабрику заводҳои дар Русия аз даст додаашонро баргардонида бигиранд ва сарбории он дар Сибиру Осиёи Миёнаву Кафқоз соҳиби сарвату бозорҳо бишаванд, ва метарсиданд, ки аҳвол бадин минвол давом бикунад, фардо дар Ҳиндустону Афғонистон ва Африко нуфузашон кам мешавад ва хазинаҳояшон зарар мебинад ва хавфи касодшавӣ ҳаст.
Ва ваколатдорони англис бо вакилони генералҳойи гвардияи Сафед ва сипоҳи Сафеди мусулмон сари дастархони тадбир ғун омаданд ва аҳду паймон бастанд:
– Ба шӯр овардан ва ба шӯриш бархезонидани мардум аз шумо. Ёрии пуливу молӣ аз мо. Мо нону силоҳ медиҳем. Шумо ҷанг мекунед.
Ва аз нӯги хамир фатир, шоҳигарии Британияи Кабир ба қӯрбошиҳои Осиёи Миёна ду миллион сӯм пул дод:
– Дастхарҷӣ. Ғалаба бикунем, дар Осиёи Миёна як ҷумҳурии демократӣ месозем. Озоду обод мешавем. Гум мешавад аз рӯйи ҷаҳон ғояи коммунизму номи коммунизм.

пешина
аз 435
навбатӣ