Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– ва дилаш бисёр мехост, ки аз баҳри чунин мубориза ва аз баҳри чунин хидмат ба адлу адолат бигзарад ва пушти по бизанаду биравад, аммо ваъдаи фардойи болшевикон пеши роҳашро мегирифт.
Бағоят ширин ва бағоят дилнишин буд он ваъда, – номи шоҳу гадо минбаъд аз ҷаҳон гум мешавад, ва хоҷаву хизматгор гуфтанӣ гап нест; ва ҳамайи одамон баробару бародаранд ва неъматҳойи оламро баробар тақсим мекунанд, ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки каси дигареро ранҷонад ва ё таҳқир бикунад…
Ва Азизмурод бо чунин умедҳо худро тасаллову таскин медод ва бо ҳамин умеду орзуҳо нони даҳони халқро кашида мегирифт ва ба ивазаш забонхат медод, ки имрӯз бад аст, фардо нек мешавад!..
Ва гвардияи Сафед дар ҷангҳойи рӯёрӯ шикастандаршикаст мехӯрд.
Ва аскари Сурх ғалаба аз паси ғалаба ба даст меовард.
Ва пояҳойи Ҳокимияти шӯройӣ рӯз ба рӯз мустаҳкам мешуд.
Ва Коммунизм аз рӯҳ ба ҷисм табдил меёфт.
Ва имрӯз, ки дар як мамлакат ғолиб омадааст, фардо ҷаҳонгир хоҳад буд.
Ва олами сармоя тарсид:
– Вабои замон аст коммунизм. Алҳазар, аз ин вабо!
Агар чорае наҷӯему илоҷе наёбем, он балое, ки ба сари ашрофони Русия омад, ба сари мо ҳам меояд.
Ва чора ҷустанду илоҷ ёфтанд:
– Бо Русия ҷанг эълон намекунем. Ҷанг дар дохилаш ҳаст. Баъд давлати Шӯроҳо як ҷомеъаи парешон ва ноустувор аст. Яклухт нест. Ихтилофҳойи дохилӣ сарашро мехӯрад. Вазифаи мо ин аст, ки мусоидат бикунем ба қувваҳойи мухолиф. Имкон надиҳем то ин тифл болиғ бишавад. Дар гаҳвора буғӣ кардани кӯдак осонтару беҳтар.
Дафъ шавад коммунизм аз рӯйи замин! Бунёдаш аз дарун вайрон аст.

пешина
аз 435
навбатӣ