ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ба марги Халқ фақат хешовандонашон мегиристанд, вале командире ба шаҳодат расад, мотами умумихалқӣ барпо мекарданд, – ва ҷангии соҳибмансабе аз аскари Сурх ба ҳалокат расад, унвони Қаҳрамонӣ медоданд, ки ҷонашро барои Озодии халқ фидо кард. Ва гвардияи Сафед низ ҷонбохтагони намоёни худро Қаҳрамон медонистанд, ки шарафи Халқу Ватанро ҳимоя кардааст.
Ва Халқ, ки андар даруни ин ҳама балову офат монда буд, дуруст сарфаҳм намерафт, ки дӯсти воқеъӣ кисту душмани ашаддӣ кист? Ва ангушти ҳайрат мегазид:
– Халқе, ки инҳо мегӯянд, дар асл кисту чист? Ва кадоме Қаҳрамону кадоме Хойин?!
Ва дар мамлакат саршумори мард кам мешуду кам мешуд, ва шумори беваю бечораву ятимони дарбадар меафзуду меафзуд.
Ва дар Осиёи Миёна аз дусаду чилу нӯҳ зовуди пахта, буду шуд бистояш кор мекард ва боқӣ ҳамааш сӯхту рехту несту нобуд шуд; ва аз замини корам чилу ҳашт фисадаш бекор монд, ва ҳосили пахта наваду панҷ маротиба поён фуромад, ва аз шолӣ ҳафтоду ҳафт бор кам ҳосил гирифтанд, ва чилу ҳашт қисми гову гӯсфанду буз ба талаву тороҷ рафт…
Ва гуруснагӣ сар шуд ва шикамҳойи гурусна чашмҳоро низ гурусна кард, ва чашмҳойи гурусна серӣ надошт; ва нону силоҳ додан зарур буд, ки нонталабону иззатталабон ҷанг бикунанд.
Ва раиси Кумитаи иҷроияи бехатарии Самарқанд Азизмуроди Рӯзимуродро фиристониданд, ки «рав, нон ёб!» Ва комиссияи озуқа баромад ба шикори нон, – дар бозор ғалладонае, ки ёфтанд, мусодира карданд, аз худ карданд; ва соҳибони мол ду даст ба бинӣ монданд; ва дари дӯконҳоро кушоданд, ғалла, орд, сабӯс, ҳар чизе ки ёфтанд, кашидаву зада гирифтанд, ва лабҳойи соҳибони дӯкон аз таби баланд торс-торс кафид; ва ба хамбаҳойи хонаҳо сар халонданд, ва агар пур бошад, холӣ карданд, ва туфи соҳибхонаҳо дар гулӯяшон хушк шуд… Ва дили Азизмурод ба ҳоли онҳо месӯхт , – камон ба даст гирифтаем ва сина сипар мекунем, то решаи ситам ва ситамгаронро биканем ва бисӯзем, вале худамон ҷабру ҷафоро раво мебинем, ва моли мардум ба ноҳақ меситонем, чӣ ҳол аст ин?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё