ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Мулке, ки оқилонашро девона медонад, алҳақ, мулки девонагон аст, ва азоби онро халқи бегуноҳ мекашад. Ба ин халқҳо дасти мадад бояд дароз кард. Давлати пуршавкати мо бояд ин корро бикунад. Бо роҳҳои сафорату тиҷорат ва силоҳу сипоҳ ба ин торикистон нуре аз маърифати замонро ворид намояд.
Ва афсарони олирутба каф кӯфтанд, ва Императори Аъзам табу аз таблиғи ин мавзӯъ бардошт, ва як маъракаи доманадори ташвиқӣ ва рӯҳӣ ва ғасбкорӣ дар байни мардум оғоз гирифт; ва сиёсатмадорон, олимон, адибон, ҳарбиён, шарик шуданд ба ин кор; ва минбарҳову коғазҳо пур гардид, ки Осиёи Васат, ба эътибори ҷуғрофӣ, сарзамини нодирест – заминаш ҳосилхез, оби равонаш фаровон, боду ҳавояш муътадил, мардумаш заҳматкаш, вале ин ҳама сарвати табиӣ оқилона истифода намешавад, ва қариб беҳисоб аст, ва аз ганҷҳои дар конҳо нуҳуфтааш касе воқиф нест… Ва генералҳое, ки дар Сибир ва Шарқи Дур ҷангидаанд ва губернаторҳои мулкҳои нав шудаанд, ба Императори Аъзам ва вазири корҳои хориҷӣ номаҳо мефиристониданду исбот мекарданд, ки Осиёи Миёнаро бигирем, ҳам аз ҷиҳати ҳарбӣ, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати марзӣ, фоидаи ба маротиб бештар мегирем ва талафоти ба маротиб камтар медиҳем; ва ба харҷи андак манфиати зиёди молӣ ва ҷонӣ ба даст меояд. Сарватҳои рӯи замину таги замини ин мамолик тамоми Русияро серӣ хӯронида ва баҳузур пӯшонида метавонад; ва ниҳоят, мо ба орзуи садсолаамон мерасем,– ба обҳои гарми уқёнус мебароем!
Шамшери буррои Рус чунин қудрат дорад! Онро кор фармудан даркор ва таъхир бар зарари мост. Агар сустӣ бикунем, англисҳо пешдастӣ хоҳанд кард ва он гоҳ шӯҳрат ва қудрати мо зарар хоҳад дид.
Ва вазири корҳои хориҷӣ хушдор дод:
– Тундравӣ дар айни ҳол ҷоиз нест. Муносибат ба Англия ва Туркия мураккаб мешавад.
Вазири ҳарбӣ ба ӯ ҷавоб гардонд:
– Зарур нест, ки мо дар пешрафти ҳар як корамон ба даҳони вазирони Англия нигоҳ бикунем. Онҳо аз мо ибо надоранд, мулк аз паси мулк мегиранд, ҷазираҳо ва шаҳрҳоро ғасб мекунанд, мо намегӯем, ки чаро ин тавр кардед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё