ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
фаровонӣ ва бенизомии бозорҳо, ҷанги қаландарон, пойлучиву ҷандапӯшии сипоҳиён, табобати бемор бо тӯмор, хонаҳои хаспӯш, зиёрати мазорҳо, беравнақии ҳунарҳо, бебизоатии мардум, чарху дук; ва Амриддини бозоргон он хабарҳоро мехонд ва рӯзномаро пушти даст мепартофт:
«худам бештар аз ин медонам, сабаб ва роҳи ислоҳашро намеёбам…»
Ва дар матбуот мақолаҳои Иван Маленкий пайдо шуд, ки воқеаҳоро муфассал шарҳ медод ва решаашро мекофт ва даъват мекард, ки «Русия ин сарзаминро тасарруф бикунад, кори савоб мешавад ба мардуми ситамкашида ва ҳуқуқгумкарда; ва фойдаи моливу ҷонӣ мегирад давлати Императори Аъзам»; ва ба Амриддини бозоргон маъқул меафтод инчунин таҳлил ва даъватҳо, ва ӯ панҷ вақт намоз мехонду дуъо мекард; «Илоҳо, ҳамин хел шавад!»
Нақша ва орзуи фатҳи Осиёи Миёна сад сол боз дар дилу нияти императорон ва ситодҳои ҳарбӣ ва ҳуҷҷатҳои вазорати хориҷӣ сайр мекард, вале сирри давлатӣ буд, ки фош карданаш гуноҳ ҳисоб мешуд, ва сензура қатъан роҳ намедод. Дар нимаи дуввуми асри нуздаҳ, ин сарпӯши мустаҳкам, бо тадриҷ ковок ва кушода шуд ва тарғиботи оммавӣ сурат гирифт; ва кишваршиносону ҳолдонҳо рӯирост ташвиқ мекарданд, ки «ағлаби халқ аз дасти амиру хонҳо ба дод омаданд, ва меҳру дилбастагие ба онҳо надоранд; ва шамшери буррои рус онҳоро озод бикунад, раият онқадар миннатдор мешавад, ки дар бари домани Императори Аъзам намози шукрона хоҳад хонд».
Ва генерал – адъютант Кауфман дар Петербург, дар машварати афсарони олирутба, маърӯза кард:
– Худо худаш фармудааст, ки давлати пуршавкати Рус ба имдоди мардуми бечора бирасад. Дар бедодиҳо додрас бибошад. Ман қабоҳатҳои миру амиру хонҳои Осиёи Миёнаро як ба як номбар карданӣ нестам. Ин қазия ба Худо ҳам маълум асту ба бандааш ҳам. Аммо таваҷҷӯҳ бикунед: як мансабдор бо хусумат як хирадмандро «девона» гӯяд, вай ба девонагӣ ном мебарорад. Муҳит чунон аст, ки вай имкон надорад исбот бикунад, ки девона нест ва ақли солим дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё