ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Алайҳи Императори Аъзам балвоҳо мехезонанд. Раъияро билкул аз роҳ задаанд. Раъия ба қонуну қарорҳо итоат намекунад. Фармони шумо чист?» Ва вазир Столипин фармон дод: «Ҳамагуна худсарӣ, ҳамагуна ғоратгарӣ ва ҳамагуна дастдарозӣ ба замин, ба чарогоҳ, ба ҷангалро, қатъан роҳ надиҳед. Бечунучаро пахш бикунед. Бо силоҳ, бе ягон мулоҳиза. Зарур бошад, ҳавлиҳо, кӯчаҳо, ва деҳаҳоро зада несту нобуд бикунед. Аз рӯйи замин рӯфта партоед».
Ва сартосари Империяи Русия рӯзномаҳойи ҳизби коммунист мактубҳойи падару модарон ба фарзандонро чоп мекард: «Агар фарзанди дилбанд ҳастӣ, нӯги найзаатро ба сари синаи волидайн рост накун. Сар боло гир ва сари найзаро ҷониби золимон гардон. Ба синаву шикамашон бихалон». «Мешунавам, ки аскарони як рота шӯриши камбағалонро хобондаанд. Ба чанд аскари фаъол медол додаанд. Онҳо сари сина овехта каттагӣ мекардаанд. Шири модарашон ҳаром шавад. Агар чунин аст, ман аз баҳри ин хел фарзанд баромадам». «Дар ин ҷо роҳи зиндагӣ гум.
Дар он ҷо ту киро ҳимоя мекунӣ?! Тараф гирифта тавонӣ, тарафи бечораҳоро гир. Тарафи падару модарат нигар, ки чӣ ҳол доранд? Мо ба ин аҳволу ту ба сари мо баринҳо камон мебардорӣ? Читу дастат меравад? Ба дигар аскарҳо мактуби маро хон. Хонеду фикр кунед»…
Ва дар Петербург аскарон бо командирон ва матросҳо бо крейсерашон ба тарафи коргароне гузаштанд, ки шӯришҳойи бесилоҳашон ба мурод нарасонд, ва оқибат исёни мусаллаҳонаро пеш гирифтанд ва ҳуҷум оварданд ба Қасри зимистона, ба қасри Императори Аъзам; ва заданд, шикастанд, куштанд, гурезонданд ва асир гирифтанд; ва ҳукумати подшоҳӣ барҳам хӯрд, ва ҳукумат ба дасти Кумитаи инқилобии коргарон ва аскарон гузашт; ва дар қаламрави Империяи Русия ситамдидагон он қадар якдилона ва он қадар бадқаҳрона ба муқобили ситамгарон ба муборизаи беамон бархестанд, ки таърихи башар ёд надошт, ва гӯё на фақат қасди худро аз ҳукмдорони даврон мегирифтанд, балки ҳисоби садсолаҳоро, ки авлод ба авлод ва насл ба насл, ранҷ бурдаанду ганҷ наёфтаанд, ва заҳмат кашидаанду роҳат надидаанд ва дашном шунидаву ҷавоб надодаанд, ва ҷафо дидаву лаб накушодаанд, ва шаллоқ хӯрдаву ғайр аз дуъои бад, дигар чорае наёфтаанд, бо ганҷдорону бароҳатон ва хӯҷаинҳову ҷафокорону мансабзӯрон, яку якбора баробар бикунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё