ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
шуда, қариб буд нафасаш ба дарун афтад.
Абдулатиф, ки ҳикояти Султоналихонро бо табассум гӯш карда менишаст, боз пиёлаҳоро пур карда ва пиёлаеро ба Султоналихон дароз карда, гуфт:
– Шумо бало, Султонхон, бало шумо!
Султоналихон пиёларо холӣ карда ва ришашро аз чакраҳои равғани гӯшт пок карда хушнудона гуфт:
– Одами дуруст дар ин дунё хор намешавад, бародар, хор намешавад!
Абдулатиф хеста ба сари дегаш рафт.
Ҷоғи «одами дуруст» хеле тасфид. Муллоӣ ва эшониаш ба хотираш расид магар, ки ҷилави гапро ба дигар тараф кашида ва ҳазлу шӯхиро як сӯ гузошта, дар ҳар қадам «ба самъи ҷанобашон арз кунам, ки...» гӯён аз дину диёнат ва авлиё гап зада рафт.
Вай асосан барои Одилмагазинчӣ гап мезад.
Ман, ки дар як канор, назди пойгаҳ менишастам, сафсаттахонии мастонаи Султоналихонро хоҳу нохоҳ гӯш карда на механдидам, на ҳайрон мешудам.
Аммо як маротиба, тоқат карда натавониста, ба қавли шоферҳои Зарчашма, «ба гапаш тормоз додам».
Султоналихон ривояти ба Нил хат фиристодани Алиро нақл карданӣ шуда, гапро чунин сар кард:
– Агар ҷанобашон шунида бошанд, дар мамлакати Миср Рӯди Нил ном дарё будааст. Ба самъи ҷанобашон арз кунам, ки як замонҳо халқи Миср ҳар сол пеш аз обхез зеботарин духтари мамлакатро оварда, ба дарёи Рӯди Нил мепартофтанд, ки қурбониро гирифта замину кишташонро хароб накунад...
Ман ҳанӯз дар мактаб маънои «рӯд»-ро нағз дониста гирифта будам. Султоналихон бори дигар «дарёи Рӯди Нил»
гуфта буд, ки хандида гуфтам:
– Дарёи Рӯди Нил?
Султоналихон, ки то ин вақт аз ман ягон калима нашунида ва гӯё маро фаромӯш карда буд, ба ман ҳайрон шуда нигоҳ кард.
– Ҳо, дарёи Рӯди Нил, – гуфт ӯ, – чӣ шудааст?
Ман бо табассум гуфтам:
– Ҳеҷ чиз нашудаасту амаки Султонхон, лекин як кас гуфта буд, ки дарёву рӯд ҳарду як гап аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё