ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Вай ба ман гӯё ҳавобаландона нигоҳ мекард.
Туфамро фурӯ бурда:
– Ӯҳӯ, хар ҳамон, тӯқум дигар-ку! – гуфтам ман ба ҷои ҷавоби одатӣ.
– Худат хар! – гуфта ҷавоб дод Карим, вале зуд аз савлаташ фаромада, ҳикоя карда дод, ки қариб як ҳафта инҷониб дар газетахона кор мекардааст. Ҳоло ҳозир шогирд будааст, шогирди ҳуруфчин. Коргароне, ки ҳарфи газетаро мечинанд, ҳамин хел, «ҳуруфчин» номида мешудаанд. Кори ҳуруфчинҳо барин кори зарур набудааст дар газетахона.
– Бе мо газета намебарояд-дия! Он тарафаша худат фаҳмидан гир! – гуфт Карим дар ин ҷои гапаш.
Баъди ду-се ҳафта, зиёдаш баъд аз як моҳ Карим ҳам ҳуруфчин мешудааст. Умуман, мӯҳлати шогирдӣ ду-се моҳ будаасту аммо устои Карим гуфтааст, ки зеҳни Карим тез будаасту вай, усто, амин будааст, ки як моҳ нагузашта Карим ба ҳуруфчинӣ мегузарад.
– Ҷудо одами нағз баромад устои ман! – гуфта монд Карим.
Карим инчунин гуфт, ки корхонаашон ошхона ҳам доштаасту таомҳояш арзон-арзон будааст. Заборнияш ҳам акнун 600 грамм будааст. Ғайр аз ин ҳар моҳ ба коргарон барои сарулибос ва авқотворӣ талон ҳам медодааст.
Дар ин ҷои ҳикояташ Карим тарошаи аз бом афтодагӣ барин карда, нохост гуфт, ки ба ӯ аз корхонаашон ҳар литраш яксӯмӣ карасин додаанд ва ҳол он ки ман, ба Каримино ҳамсоя ва ба худи Карим ҷӯра ҳисоб шавам ҳам, дирӯз як литр карасинро ба онҳо бистсӯмӣ пул кардаам.
Агар вақти дигар мешуд, ман ба ин пичинги Карим дамхӯр шуда намемондам, албатта мегуфтам, шукр кунад, ки ман карасинро ба онҳо бо нархи бозор, яъне 28 –
30 сӯм нафурӯхтаам. Аммо ҳоло гӯшамро ба карӣ андохтаму гапро ба дигар тараф гардонида гуфтам.
– Исто, ки Карим, расми газетаро чӣ хел карда мегирифтаанд?
Дар ҳақиқат ин савол чандин маротиба маро гаранг карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё