ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Ман ягон бор ӯро дар чунин ҳолат надида будам. Ин одами аҷоиб, ки ҳеҷ гоҳ гапашро ба кас намедод ва ба худ боварии комил дошт, эҳтимол нахустин дафъа дар умраш ин тавр ҳайрон шуда бошад.
Ӯ даме мижазанон рост истоду баъд, гӯё ки ба чашмони худ бовар накарда пурсид:
– Қо-сим?
Қосимҷон сарашро аз замин намебардошт.
– Ӯҳ, ҳароммурда... – гуфт пас аз дақиқае Шокиртароша ва ногоҳ қафо гашту аз зинапоя фаромада рафт.
Ман гумон карда будам, ки Шокиртароша бо ҳамин чанд рӯз қадамашро ба чойхона намемонад, охир ӯ дар назди тағоиям мулзам шуда буд, гӯё онҳо ҳарду гарав баста буданду Шокиртароша гаравро бохта буд, аммо бегоҳи рӯзи дигар ӯ боз дар чойхона пайдо шуда монд. Дигар дар рӯяш аз аломати ҳайрату тааҷҷуб осоре намонда, вай боз ҳамон Аҳмади порина, боз ҳамон Шокиртарошаи пештара шуда буд; боз бечораи Қосимҷонро хорӣ мекард, «ландаҳур», «гӯл» мегуфт.
Шабона мо аз кино омада, боз ба ҷои хоби пештараи худ, бар болои боми чойхона баромадем. Тағоиям акнун хеле ба худ омада буд, дигар таб азобаш намедод.
Мову Қосимҷон дар зери чодари шоху барги харсеб дароз кашида, ба ҳамдигар дарду ҳасрат мекардем.
Ман аз хавотир кашиданам, ҳатто ба гумонҳои бад рафтанам гап задам, Қосимҷон бошад, ин панҷ-шашрӯза саргузашташро ҳикоя карда дод.
Қосимҷон ҳамон шаб аз пеши мо баромада, рост ба хонаи Шокиртароша рафтааст.
– Гапи тағот ба ман бисёр таъсир кард, «нонхӯри барзиёдӣ» гуфтанд... Гап задан гирӣ, гунг ҳам меғунгад, охир, – шарҳ дода гуфт Қосимҷон.
Шокиртароша Қосимҷонро аввал ба хандаю истеҳзо пешвоз гирифтааст, хуб масхара кардааст, ҳатто гирёндааст, аммо баъд шикамашро сер кунонида, дар як гӯшаи хонааш ба ӯ ҷой андохта додааст.
Шокиртароша хаёл доштааст, ки Қосимҷонро ба кор дароварда монад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё