ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Қосимҷон ҳам розӣ шудааст. Шокиртароша ба Қосимҷон ариза нависонда гирифта ба идораи кон бурда додааст.
Аммо имрӯз Қосимҷон кор накардани чойхона ва касал шудани Абдулатиф-тағоро шунавида, ҳатто ба Шокиртароша ҳам хабар надода, ба чойхона омадааст.
– Ҳарчанд гуфтам, ки баъд аз он гапҳои тағот дигар гашта набиёям ҳам мешавад, не, боз нашуд. Гӯр ин дили раҳмгини ман шавад, – гуфта монд дар охири гапаш Қосимҷон. – Акнун Шокир-ако як умр аз ман хафа будагист...
Ман дар назди хобгоҳи коргарон маро дида гурехтанашро хотиррасон кардам.
– Чиба аз ман руст шудед, Қосим-ако? – гуфтам ман.
– Э, напурс... – шарм доштагӣ барин шуда гуфт дар ҷавоб Қосимҷон.
Ман мехостам боз аз ӯ гила кунам, ки ягон маротиба ҳам маро пурсида наомад, вале дидам, ки шарм мекунад, гапро ба дигар тараф гардонданӣ шуда, ба як ҷуфт потинкаи ямоқин, аммо ҳанӯз мазбут, ки дар поёни пояш меистод, ишора карда гуфтам;
– Муборак шавад патинка гирифтед-ку?
Қосимҷон гуфт, ки патинкаро ба ӯ Шокиртароша додааст.
– Аҷоиб одам будааст ин Шокиртарошаатон, – гуфтам ман ин гапро шунида. – Ба дағалиаш ҳам тараф не, ба меҳрубониаш ҳам!
– Не, Шокир-ако одами нағз! – гуфта монд Қосимҷон.
...Ба ҳамин тариқ, Қосимҷон боз ба чойхона баргашт.
Аммо агар ӯ пешояндашро медонист, ба ҳеҷ ваҷҳ ин корро намекард.
ТУРФА ШОГИРДЕ, КИ
ДАР ҲАЙРАТ КУНАД УСТОДРО
Одам ба ҳар чиз одат мекардааст. Аввалҳо мевафурӯшӣ ба ман ҳеҷ
маъқул набуд, онро як кори маҷбурӣ медонистам, ба
бозор бо гардани баста мерафтам. Аммо рафта-рафта нисбат ба харидуфурӯш як ҳисси шавқмандӣ пайдо мекардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё