ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Дар бадали як шаб хеле аз гӯшту пӯст фаромада монд. Устухонҳои рӯяш ҷаста баромада, чашмонаш чуқур шуда буданд. Сулфа мекард.
Пагоҳӣ духтур овардам. Духтур гуфт, ки тағоиям сахт шамол хӯрдаасту бояд ҳафт-ҳашт рӯз аз хона набаромада хоб кунад.
Ман духтурро гуселонида омада, ба пеши Абдулатифтағо хӯрок монда, хостам, ки ба чойхона равам.
Аммо ӯ ба чашмони хоболуд ва сурхшудаи ман нигоҳ карда истоду гуфт:
– Биё, имрӯз чойхонаро накушо. Шабаш қатӣ хоб накарда баромадӣ Дам гир, ҷиянам.
Ман ҳам «не» нагуфта, дар як гӯшаи хонача ҷой андохтаму хоб кардам.
Вале бисёр хоб карда натавонистам.
Пас аз андаке садои гуфтугӯро шунида бедор шудаму дидам, ки дар пеши тағоиям Қосимҷон нишастааст.
– Аз гуноҳам мегузаред-дия, ако, – мегуфт Қосимҷон. – Шайтон бераҳа кард...
– Ҳеҷ гап не, – гуфт дар ҷавоб Абдулатиф-тағо, – ман аз ту хафа не, аз ҳамон хирси калон хафа! Майлаш, ҳеҷ гап не...
Соате нагузашта, сандуқи Қосимҷон боз ҷои пештараашро ишғол кард, худи Қосимҷон бошад, боз рафта дар пеши самовар нишаст.
Аз гашта омадани Қосимҷон ман бениҳоят шод будам.
Чойхона ҳам, хоначаи тағоиям ҳам ба назарам дигар шуд, хушрӯйтар, равшантар менамуд. Ҳар гоҳ беихтиёр табассум карда мемондам. Ба ҳар ҳол, аз рӯзе, ки ба Зарчашма омадам, ин хел хурсанд нашуда будам.
Аз омадани Қосимҷон тағоиям низ гӯё хурсанд буд.
Вай ҳатто «имшаб кинои нав будааст, як рафта тамошо кунетон» гӯён ба мо пул дод.
Аммо бегоҳӣ Шокиртароша шодии моро як қадар талх кард.
Вай, ки, ба тахминам, рост аз кор баромада омада буду аз гашта ба пеши мо омадани Қосимҷон хабар надошт, ба остонаи чойхона қадам гузошту якбора дар паси самовар Қосимҷонро дида, дар ҷояш шах шуда монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё